Нуриддин Қаршибоев: Дар Тоҷикистон худсензура миёни рӯзноманигорон ва блогерон афзоиш ёфтааст

Раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) Нуриддин Қаршибоев мегӯяд, дар солҳои охир сатҳи худсензура миёни рӯзноманигорон ва блогерони тоҷик ба таври назаррас афзоиш ёфта, вазъи фаъолияти расонаҳо дар кишвар «муташанниҷ» боқӣ мондааст.

Қаршибоев дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки бисёре аз рӯзноманигорони ҷавон ва блогерон баъди ба истилоҳ «суҳбатҳои дӯстона» бо намояндагони мақомот аз баррасии мавзӯъҳои ҳассос худдорӣ мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, яке аз сабабҳои асосии чунин вазъ оғози парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи бархе рӯзноманигорон дар солҳои охир мебошад. Ӯ гуфт, маҳкум шудани ҳамкасбонашон барои дигар намояндагони расонаҳо як навъ ҳушдор шуд, ки эҳтиёткор бошанд.

Қаршибоев ҳамчунин гуфт, ки мушкили асосии рӯзноманигорон ҳамоно маҳдуд будани дастрасӣ ба иттилоот аст. Ба гуфтаи ӯ, дар бархе вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллӣ аҳамияти ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот ҳанӯз пурра дарк нашудааст. Вай инчунин аз ҳолатҳои даъватҳои ғайриқонунӣ ба мақомоти давлатӣ ва дигар фишорҳо нисбат ба рӯзноманигорон ёдовар шуд.

Дар ҳамин замина, НАНСМИТ бо ҳамкории шарикони байналмилалӣ тарҳи дусолаи «Эҷоди муҳити амн барои кори рӯзноманигорон ва блогерҳо»-ро роҳандозӣ кардааст. Ба гуфтаи Қаршибоев, ҳадафи асосии ин барнома расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба рӯзноманигорон ва блогерон, инчунин баланд бардоштани саводи расонаӣ ва малакаи ташхиси хабарҳои бардурӯғ мебошад.

Қаршибоев ҳамчунин аз озод шудани ду рӯзноманигор — Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Завқибек Саидаминӣ дар асоси қонуни афв истиқбол карда, гуфт, ки дар сурати муроҷиати онҳо, Анҷуман омода аст ба онҳо кумаки ҳуқуқӣ расонад.

Тибқи маълумоти Радиои Озодӣ, аз соли 2022 то соли 2026 дар Тоҷикистон дасти кам 10 рӯзноманигор ва блогер боздошт ва бо иттиҳомҳои гуногун ба муҳлатҳои аз 7 то 20 соли зиндон маҳкум шудаанд. Худи онҳо ин иттиҳомҳоро рад кардаанд. Моҳи июли соли ҷорӣ се нафари онҳо бар асоси қонуни афв аз зиндон озод шуданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Равнақи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон: Эътимоди сармоягузорон ё таваккали онҳо?

Чанд соли охир Тоҷикистон дар ҷалби сармояи хориҷӣ муваффақ...

Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи манбаъҳои нави сӯзишворӣ

Тоҷикистон дар пасманзари маҳдуд шудани воридоти маҳсулоти нафтӣ аз...

800 000 шиносномаи русии тоҷикон ва тарси мақомоти Русия 

Масъалаи шаҳрвандигирӣ ва танзими равандҳои муҳоҷирати корӣ миёни Тоҷикистон...

Амрико ҳамлаҳои нав алайҳи Эронро оғоз кард; таниш дар Ховари Миёна дубора авҷ гирифт

Артиши Иёлоти Муттаҳида пас аз таваққуфи чандрӯза амалиёти низомии...