“Тоҷикон”-и Б.Ғафуров дар китобфурӯшиҳои Аврупо

Дар мағозаҳои китобфурӯшии Лаҳистон (Полша) китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров бо тарҷумаи забони лаҳӣ фурӯхта мешавад.

Китоби “Тоҷикон”-и нависанда ва қаҳрамони миллии Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров аз маъруфтарин китобҳои тоҷикон ба шумор рафта, таърих ва тамаддуни миллати тоҷикро аз даврҳои бостон то асри XX дар бар мегирад. Ин китоб як сол пас аз марги муаллиф, яъне соли 1978 дар Лаҳистон ба забони лаҳӣ тарҷума шудааст.

“Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби Институти давлатии нашриёти PIW (Państwowy Instytut Wydawniczy (PIW)) ва дар матбааи давлати шаҳри Краков бо 50 ҳазор нусха дар ҳаҷми 694 саҳифа ба чоп расидааст. Нашриёти мазкур дар пойтахти ин кишвар – шаҳри Варшава аз ҷониби давлати Лаҳистон соли 1946 пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ таъсис ёфтааст.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон соли 2019 эълон кард, ки китоби “Тоҷикон”-ро бознашр карда, ба тамоми хонаводаҳои тоҷик ройгон ҳамчун тӯҳфа тақдим мекунад. Барои нашри 1 миллиону 600 ҳазор нусхаи ин китоб аз буҷаи давлат 136 миллион сомонӣ ҷудо шуда буд. Радиои Озодӣ дар як таҳқиқоташ маълум кард, ки “Нашриёти муосир” вобаста ба ширкати “Фароз”, мутааллиқ ба домоди Эмомалӣ Раҳмон Шамсулло Соҳибов, ғолиби тендери нашри китоби “Тоҷикон” эълон шуда буд.

Дар таҳқиқоти Озодӣ гуфта мешуд, ки нашриёт барои иҷро кардани ин тендер 13,5 миллион доллар дарёфт кардааст. Ба гуфтаи бархе огоҳони умур, ин маблағ аз нархи чопи китоб барзиёд ҳисоб шудааст. Ва чун соҳиби тендер наздикони худи Раҳмон аст, сарфи маблағҳо низ пагирӣ ва таҳқиқ намешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар Русия мехоҳанд шумораи муҳоҷиронро маҳдуд кунанд

Дар Русия пешниҳод карданд, ки сиёсати муҳоҷиратӣ боз ҳам сахттар ва шумораи хориҷиён то 3 миллион кам карда шавад.

Бо дастури Эмомалӣ дар Турсунзода барои узбекзабонҳо мактабҳои нав бунёд шаванд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони соҳаи маориф дастур додааст, ки бо дарназардошти шумораи узбекзтаборон дар кишвар, барои онҳо мактабҳои махсус бунёд намуда, маводи таълимӣ бо забони узбекӣ таҳия кунанд.

Аз нафт то иттиҳоди форсизабонон: Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориҳои худро густариш медиҳанд

Тоҷикистон ва Эрон дар бораи имзои як созишномаи дарозмуддат барои таъмини маҳсулоти нафтии Тоҷикистон ба тавофуқ расиданд.

“Турки босмачӣ” ва.. “тоҷики сурх”?

Баъди ҳабси як блогери муҷоҳидситези узбек, баҳси босмачиҳо дар...