Хабар
ТОҶИКИСТОН
Ҳакерҳо беш аз 2 ҳазор ҳуҷҷати ниҳодҳои давлатии Тоҷикистонро рабудаанд
Як гурӯҳи ҳакерӣ бо номи "Silent Lynx", ки ба Қазоқистон пайванд дода мешавад, бо истифода аз ҳуши маснуӣ беш аз 2 ҳазор санади марбут ба сохторҳои амниятӣ ва низомии Тоҷикистонро рабудааст.
Як гурӯҳи ҳакерӣ бо номи “Silent Lynx”, ки ба Қазоқистон пайванд дода мешавад, бо истифода аз ҳуши маснуӣ беш аз 2 ҳазор санади марбут ба ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла сохторҳои амниятӣ ва низомии Тоҷикистонро рабудааст.
Дар гузориши ширкати амнияти киберии “CloudSek”, ки рӯзи 11-уми ноябр нашр шуд, гуфта мешавад, ки дар миёни ниҳодҳои осебдида Вазорати дифоъ, Горди миллӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон қарор доранд.
Хабаргузории “Рейтерс” дар робита ба ин ҳодиса бо мақомоти Тоҷикистон ва Қазоқистон тамос гирифта, аммо то замони нашри гузориш аз онҳо посухе дарёфт накардааст.
Ширкати “CloudSek”, ки дар Сингапур фаъолият мекунад, мегӯяд, фаъолияти гурӯҳи “Silent Lynx” пас аз он ошкор шуд, ки ҳакерҳо як сервери худро нохост барои дастрасӣ аз тариқи интернет боз гузошта буданд. Мутахассисони ширкат ҳангоми таҳқиқи ин сервер ба нишонаҳои истифодаи барномаи “Hermes”, ки барои идора кардани агентҳои мустақили ҳуши маснуӣ пешбинӣ шудааст, низ бархӯрдаанд.
Ба гуфтаи “CloudSek”, ҳакерҳо ба ҷойи иҷрои дастӣ ва пайдарпайи фармонҳо аз агенти ҳуши маснуӣ истифода бурдаанд. Ин барнома метавонистааст ҳамлаҳоро тарҳрезӣ кунад, фармонҳои заруриро нависад, онҳоро иҷро намояд ва натиҷаҳоро ба гурӯҳи рахнагарон гузориш диҳад.
Тибқи гузориши ширкат, ҳакерҳо аз миёнаҳои моҳи август барои шиносоии низомҳои Тоҷикистон аз “Hermes” истифода бурда, баъди чанд ҳафта ба низоми электронии гардиши ҳуҷҷатҳои давлатӣ роҳ ёфтаанд. Сипас, агенти ҳуши маснуӣ барномаи махсусе навиштааст, ки ҳуҷҷатҳоро ҷамъоварӣ, ҷудо ва гурӯҳбандӣ мекард.
Дар миёни санадҳои рабудашуда ҳазорон нома ба Вазорати дифоъ ва тавассути он ҳуҷҷатҳои марбут ба Горди миллӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, садҳо санади Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва ҳуҷҷатҳои даҳҳо идораи дигари давлатӣ будааст.
Ҳамчун намуна, “CloudSek” як номаи Хадамоти алоқаи Тоҷикистонро ба Вазорати дифоъ нашр кардааст, ки бо имзои муовини роҳбари хадамот Т. М. Холов ирсол шудааст. Дар ин нома тарзи истифодаи таҷҳизоти махсуси алоқаи бесим шарҳ дода шуда, ҳамчунин рамзи воридшавӣ ба ҳуҷҷат низ оварда шудааст.
Ба иттилои “CloudSek”, таҳқиқи сервери фошшуда ҳамчунин нишон додааст, ки амалиёти гурӯҳ эҳтимол аз Русия идора мешудааст, ҳарчанд аъзои он дар Қазоқистон қарор дошта, аз пайвасти интернетии маҳаллӣ истифода мекарданд. Мутахассисони ширкат бар асоси забони муошират, вақти фаъолияти ҳакерҳо ва нишонаҳои пайвастшавӣ ба ин хулоса расидаанд.
“Рейтерс” ҳамчунин навишта, ки дар миёни маълумоти фошшуда дастурҳои ҳакерҳо ба агенти ҳуши маснуӣ мавҷуд будаанд. Дар ин дастурҳо ба барнома гуфта мешудааст, ки худро ҳамчун мутахассиси баландпояи гурӯҳи “Red Team” муаррифӣ кунад. Ин истилоҳ ба мутахассисоне дахл дорад, ки бо тақлид ба ҳамлаҳои воқеӣ осебпазирии низомҳои амниятии созмонҳоро месанҷанд.
Гурӯҳи “Silent Lynx” қаблан низ ба ниҳодҳои давлатии Арманистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон ҳамла кардааст. Аммо ба гуфтаи “CloudSek”, дар он мавридҳо ҳакерҳо ба маълумоти махфии сохторҳои низомӣ ва амниятӣ дастрасӣ пайдо накарда буданд. Кӯшишҳои “Рейтерс” барои тамос бо намояндагони ин гурӯҳ низ бенатиҷа мондааст.
Бояд гуфт, масъалаи осебпазирии низомҳои компютерии Тоҷикистон қаблан низ мавриди таваҷҷуҳи мутахассисон қарор гирифта буд. Ширкати амрикоии “Rapid7” ҳанӯз соли 2016 Тоҷикистонро аз рӯи осебпазирии компютерҳояш дар баробари ҳамлаҳои ҳакерӣ дар ҷаҳон дар ҷойи дуюм гузошта буд.
Ҳамчунин ҳамлаҳои киберӣ ба ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон қаблан низ сабт шудаанд. Соли 2016 ҳакерҳо ба сомонаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон роҳ ёфта, ба ҷойи маълумоти расмӣ аксҳо ва маводи марбут ба созмони тундрави “Ҷундуллоҳ”-ро нашр карда буданд. Соли 2015 низ сомонаи Сафорати Тоҷикистон дар Фаронса мавриди ҳамлаи киберӣ қарор гирифта буд.