Тоҷиконе, ки шаҳрвандии Русияро доранд ба ватанашон баргашта наметавонанд

Ба зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки шаҳрвандии Русияро доранд, иҷозаи берун шудан аз ин кишварро надодаанд. Дар ин бора бахшии қирғизии Радиои Озодӣ дар истинод ба чанд зодаи Тоҷикистону Қирғизистон хабар дод.

Зодагони Тоҷикистону Қирғизистон, ки мехостанд аз Русия ба ватани худ бираванд, дар марз ба онҳо гуфтаанд, ки барои вуҷуди номашон дар руйхати мобилизатсия то 12-уми феврал иҷозаи тарки кишварро надоранд.

Гуфта мешавад, муҳоҷирони дорои шаҳрвандии Русия даъватнома барои рафтан ба артиш мегиранд ва ба комиссариатҳои ҳарбӣ барои суҳбат даъват намуда, мефаҳмонанд, ки фирор аз сафи қувваҳои мусаллаҳ ҷазои сахт дар пай дорад.

Ин хабар дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки 13-уми январи соли ҷорӣ, раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин гуфта буд, хориҷиён, аз ҷумла тоҷиконе, ки шаҳрванди ин кишвар шудаанд, бояд ба ҷанги Русия ба зидди Украина сафарбар шаванд. Бастрикин афзуд, тайи панҷ соли ахир беш аз ним миллион нафар аз Тоҷикистон ва Қирғизистону Узбекистон шиносномаи Русия гирифтаанд ва уҳдадоранд, ки ба сафи артиш ҷалб гарданд.

Дар Бишкек пойтахти Қирғизистон коргарони дорои шиносномаҳои Русияро аллакай ҳушдор додаанд, ки дар шароити мобилизатсия наметавонанд ба онҳо кумак кунанд. Русия бо Қирғизистон ба фарқ аз Тоҷикистон созишнома дар бораи душаҳрвандӣ надорад.

Бар асоси қонунҳои ин ду кишвар ҳар касе, ки дар ҷангҳои хориҷӣ ширкат мекунад, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад.

Маълум нест, ки чӣ қадар зодагони Осиёи Марказӣ, ки шаҳрвандии Русияро доранд, аллакай ба артиш даъват шудаанд ва дар ҷанги Украина ширкат мекунанд. Аммо аз хабару гузоришҳои охир шумораи онҳо хеле зиёд буда, дар ин муддат чандин нафар кушта ва ҳатто бе ному нишон шудаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Шиддати гармо Аврупо: Олмон ва Фаронса ба сокинон ҳушдор доданд

Кишварҳои Аврупо рӯзҳои охир бо яке аз шадидтарин мавҷҳои гармо дар солҳои охир рӯбарӯ шудаанд.

Боздошти зодаи Тоҷикистон дар Амрико

Мақомоти муҳоҷирати Иёлоти Муттаҳида як ҷавони 28-солаи тоҷикро бо гумони будубоши ғайриқонунӣ дар ин кишвар боздошт кардаанд.

Пас аз шаш сол: ҳаракати қатори Душанбе–Маскав дубора оғоз шуд

Пас аз шаш соли таваққуф, ҳаракати қатори мусофирбари Душанбе–Москва дубора барқарор гардид. Аввалин қатор рӯзи 21-уми июн ба роҳ баромад.

Шиканҷа дар Тоҷикистон – дарди бедавои ҳукумат

Чанд рӯз қабл аз фаро расидани Рӯзи байналмилалии ҳимоят...