33.9 C
Dushanbe

Интиқоди вазири тоҷик дар Ню-Йорк аз Толибон

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҳошияи нишастҳои Созмони Миллали Муттаҳид дар Ню-Йорк аз кишварҳои таъсиррасон хост, ки алайҳи зулму ситами Толибон дар Панҷшер чораҷӯӣ кунанд.  

Ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоикистон Сироҷиддин Муҳриддин 21-ум сентябр барои иштирок дар иҷлосияи 76-уми Маҷмаи умумии СММ ба Ню-Йорк рафт.

Дар ҳошияи ин нишастҳо ҷаноби Сироҷиддин Муҳриддин аз ҳамтоёни худ ва кишварҳои таъсиррасон талаб кардааст, ки ба мардуми Панҷшер кумак кунанд, то аз зулму шиканҷаи Толибон раҳоӣ ёбанд.

Ҳамзамон вазири корҳои хориҷаи Тоҷкистон дар Ню-Йорк бо Президенти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх Петер Маурер мулоқот карда ёдовар шудааст, ки айни замон расонидани ёрии башардӯстона ба мардуми Афғонистон, ва бахусус сокинони водии Панҷшер зарурӣ мебошад.

Вилояти Панҷшер яке аз минтақаҳои тоҷикнишини Афғонистон аст, ки раҳбаронаш ҳукумати Толибонро пас аз ишғоли Кобул дар 15 августи соли ҷорӣ қабул накарданд. Сипас ба раҳбарии Аҳмад Масъуд дар ин минтақа Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таъсис дода шуд ва дар ҳоли ҳозир ҷанг байни нерӯҳои ин ҷабҳа ва Толибон дар Панҷшер идома дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.