13.9 C
Dushanbe

Толибон дар Амрико аз рӯйхати созмонҳои террористӣ берун карда мешавад?

Ҳаракати “Толибон” ҳамчун созмони террористӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳоли бознигарист.

21-уми майи соли ҷорӣ, Котиби давлатии ИМА Марко Рубио дар ҷаласаи палатаи поёнии Конгресс қайд кард, ки бознигарии мазкур ба муваффақият дар озодсозии шаҳрвандони амрикоӣ, ки дар қаламрави Афғонистон боздошт шуда буданд, рабт дорад.

Ин гуфтаи Рубио дар посух ба суоли хабарнигорон дар бораи ин ки оё Толибон дар ИМА ҳамчун “созмони террористии хориҷӣ” (FTO) эътироф карда мешавад ё на, садо дод.

Гуфта мешавад, айни ҳол “Толибон” дар Иёлоти Муттаҳида ташкилоти террористӣ бо мақоми “Specially Designated Global Terrorist“‘ эътироф шудааст ва ворид гардиданаш ба рӯйхати “FTO” оқибатҳои ҳуқуқии шадидтарро, аз ҷумла барои ҷонибдорон ва ҳамкорони эҳтимолии ин ҳаракат хоҳад дошт.

Дар ҳамин ҳол Марко Рубио гуфтааст, ки ҷониби Амрико хуб медонад, ки “Толибон” кӣ ҳастанд ва дар гузашта чӣ корҳоро анҷом додаанд ва ба ҳамин хотир “Толибон” бояд ҳамкории бештареро дар мубориза бо “Ал-Қоида” ва дигар унсурҳое, ки дар Афғонистон ҳастанду онҳоро Амрико ҳадафи мубориза мебинад, нишон диҳанд.

Бояд гуфт, аз замони ба қудрат омадани Толибон дар моҳи августи соли 2021 дар Афғонистон ва бо вуҷуди сиёсати саркӯбгароёнаи сахти дохилӣ, аз ҷумла манъи таҳсили занон ва таъқиби мухолифин, чанде аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон доранд тадриҷан мавқеи худро нисбати онҳо тағйир медиҳанд. Масалан, дар Қазоқистон ва Қирғизистон Толибонро аз рӯйхати ташкилотҳои мамнуъ берун кардаанд ва дар моҳи апрели соли 2025 Додгоҳи олии Русия фаъолияти ин ҳаракатро муваққатан иҷозат дод.

Тоҷикистон ягона кишваре дар Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад, ки бо ҳукумати Афғонистон равобити дипломатӣ надорад ва раисҷумҳур Раҳмонов дар минбарҳои байналмилалӣ аз Толибон борҳо интиқод кардааст.

Аммо бо ин вуҷуд, Тоҷикистон ҳамкориҳоро дар сатҳи сохторҳои алоҳида бо Толибон идома дода истодааст. Аз ҷумла, Тоҷикистон ба Афғонистон нерӯи барқ содир мекунад ва дар масъалаҳои таъмини амният ва ҳифзи сарҳад бо онҳо ҳамкорӣ мекунад.

Инчунин сафари ҳайати Толибон ба Душанбе ҳафтаи гузашта барои иштирок дар музокирот доир ба лоиҳаи минтақавии энергетикии CASA-1000 ва мулоқоти онҳо бо вазири энержии кишвар Далер Ҷумъа таваҷҷуҳи зиёдеро ҷалб карда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вакилони рус мехоҳанд муҳоҷирони бештареро ихроҷ кунанд

Рӯйхати моддаҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ ё муҳоҷиронро пешбинӣ мекунад, метавонад қариб ду баробар зиёд шавад.

Шаҳрванди Тоҷикистон дар Лондон муттаҳам ба озори ҷинсӣ шуд

Додгоҳе дар шаҳри Лондони Британия як шаҳрванди Тоҷикистонро барои озори ҷинсии духтари 13-сола гунаҳкор донист.

Тоҷикистон дар як ҳафта 19 тонна гӯшти мурғ аз Русия ворид кардааст

Тоҷикистон дар давоми 5 рӯз 19 тонна гӯшти мурғ аз Русия вориди бозори худ кардааст.

Вазири Толибон донишҷӯи узбекро барои кӯлоҳи суннатияш зад

Як донишҷӯи узбектабори Афғонистон иддао карда, ки ӯро вазири таҳсилоти олии ҳукумати Толибон ба хотири доштани тоқӣ ба рӯяш шаппотӣ задааст.