26.9 C
Dushanbe

Толибон иддаъои Дабири кулли СММ-ро “нодуруст” хонд

Сухангӯи Толибон дар вокуниш ба иддаъои Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид дар робита ба қатли беш аз 100 нафар аз кормандон ва низомиёни давлати пешини Афғонистон гуфтааст,

Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи Толибон дар Афғонистон дар саҳфаи Тввитриаш изҳороти Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳидро нодуруст хонда, гуфтааст: “Маълумоти Сармуншии СММ, ки гӯё сад тан аз аъзои давлати пешин пас аз ҳокимияти Аморати исломӣ кушта шудаанд, дуруст нест.”

Муҷоҳид таъкид кардааст: ” Пас аз афви умумӣ ба ҳеч касе иҷоза нест ба касе зиён бирасонад, агар бар асари интиқомҷӯии шахсӣ кудом воқеае шуда бошад, мо онро баррасӣ намуда ва омилони онро муҷозот кардаем.”

Пеш аз ин Антонио Гутерриш, Дабири кулли СММ дар нишасти Шӯрои амният гуфта буд, ки Толибон аз замони сари қудрат омаданашон дар Афғонистон беш аз сад нафар аз кормандон ва низомиёни давлати собиқро куштаанд ва ҳудуди 60% аз ин кушташудаҳо ба таври худсарона ва дур аз доираи қонун анҷом шудаанд.

Гуфтанист, Толибон баъд аз 20 соли ҷанг бо нерӯҳои НАТО бо раҳбарии Амрико 15-уми августи соли 2021 дубора пас аз фирори Ашраф Ғанӣ, собиқ президенти Афғонистон қудратро соҳиб шуданд. Он ҳам замоне буд, ки Ашраф Ғанӣ, президенти пешини Афғонистон ба Амороти Муттаҳидаи Араб фирор кард, вориди Кобул шуданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.