11.9 C
Dushanbe

Толибон: Исломҳаросии баъзе ҳамсояҳо ҷавононашонро “ифротӣ” кардааст

Муовини идораи раёсати ҳукумати Толибон Абдусалом Ҳанафӣ гуфта, ки “Ифротигарии” баъзе ҳамсояҳои Афғонистон сабаби пайвастани ҷавонони онҳо ба гурӯҳҳои террористӣ шудааст.

Абдусалом Ҳанафӣ дар суханроние дар Донишгоҳи Кобул дошт, гуфт: “Онҳо дар бораи исломҳаросӣ он қадар ифрот мекунанд, ки мегӯянд, то ки ришсафед нашудӣ ба масҷид нарав, номи ту исломӣ набошад, як зани мусалмон як дастмол бар сар надошта бошад. Ифротигарии онҳо сабаб шудааст, ки ҷавонон ба гурӯҳҳои мухриби дигар вобаста шаванд.”

Ин намояндаи Толибон зимни идомаи суханронияш таъкид кард, ки “мо як бори дигар ба ҳамсояҳои худ итминон медиҳем”, ки аз хоки Афғонистон ба касе хатаре таҳдид намекунад ва афзуд, “мехоҳем, ки бо ҳама кишварҳои минтақа ва фароминтақа мусолиматомез зиндагӣ кунем ва бо ҳам эҳтироми мутақобил дошта бошем.”

Таҳлилгарон мегӯянд, муовини раҳбари Толибон дар суханронияш бештар мақомоти Тоҷикистонро ҳадаф қарор дод, зеро дар ин авохир “исломҳаросӣ” ва манъи ҳиҷоби занон тасмимоти ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аст. Ва ҳамчунин мавқеъгирии зиддитолибонӣ нисбат ба дигар ҳамсояҳо низ аз ҷониби Тоҷикистон дар минбарҳои гуногун садо медиҳад.

Аз ҷумла Рустами Эмомалӣ, раиси парлумони Тоҷикистон дар нишасти Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД), ки 3-юми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Алматои Қазоқистон баргузор шуд, гуфт, ки Афғонистон бо раҳбарии Толибон дубора ба “маркази терроризм” мубаддал шудааст ва мадрасаҳои динӣ дар ин кишвар “ҷиҳодгарони интиҳорӣ”-ро омӯзиш медиҳанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷашни “Ҷумъаи пирӯзӣ” дар шаҳрҳои Сурия

Рӯзи 13-уми декабр садҳо ҳазор нафар дар шаҳрҳои мухталифи...

Амрико хостори озодии зиндониёни сиёсии тоҷик шуд

Баъзе аз сенаторони Амрико аз Ҳукумати Тоҷикистон озодии фаврии зиндониёни сиёсиро талаб карданд.

Ҷабборов дар бораи марз гуфт, Раҳмонов хомӯш аст

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов баъзе аз ҷузъиёти созишномаи марзии ду кишварро ошкор кард.

Мундиали 2030 ва 2034 маълум шуд дар кадом кишварҳо мешавад

FIFA маълум кард, ки Ҷоми ҷаҳонии футбол солҳои 2030 ва 2034 дар кадом кишварҳо баргузор мешавад.