Трамп аз эҳтимоли тавофуқи ниҳоӣ байни Эрон ва Амрико хабаро дод

Ба гузориши расонаҳо, Амрико ва Эрон барои расидан ба як тавофуқи ниҳоӣ ва поён додани ҷанг наздик шудаанд.

Ба навиштаи хабаргузории амрикоии “Axios”, ҳоло Вашингтон ва Теҳрон ба тавофуқ расидан бар сари як ёддошти тафоҳуми яксаҳифагӣ барои поёни ҷанг хеле наздик шудаанд. Амрико интизор дорад тайи 48 соати оянда посухи Эронро дарёфт мекунад.

Бар асоси ин гузориш, то кунун ҷонибҳо ба ҳеч тавофуқи ниҳоие наридаанд, вале гуфта мешавад, аз нисбат ба давраҳои қаблӣ тарафҳо ба дастёбӣ ба тавофуқ наздиктаранд.

Муҳимтарин нуқтаҳое, ки эҳтимол меравад ба тавофуқ наздик аст, ин: ба таълиқ гузоштани ғанисозии урониюм аз ҷониби Эрон ва дар муқобил бардоштани таҳримҳо аз ҷониби Амрико хоҳад буд. Аммо чанд сол ғанисозӣ мутаваққиф мешавад, ин масъала дар марҳилаҳои баъдӣ музокира мешавад. Зеро ин масъала яке аз мушкилоти асосии музокироти тарафҳо дониста мешавад. Ҳамчунин қарор аст, Амрико замонат диҳад, ки миллиардҳо доллар аз дороиҳои масдудшудаи Эронро озод месозад.

Мувофиқи гузориши расонаҳои амрикоӣ, агар тавофуқ ҳосил шавад, Эрон дар чорчӯби он муваззаф мешавад барои дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ талош накунад ва барои назорати барномаи ҳастаияш аз ҷониби як низоми бозрасии тақвиятшуда мувофиқат мекунад.

Ҳамчунин зикр мешавад, ки Эрон барои берун баровардани урониюми ғанисохтааш мувофиқат кардааст, аммо ба кадом кишвар онро хориҷ мекунад, гуфта нашудааст. Ин танҳо назари ҷониби Амрико аст, дар ин хусус то ҳол назари ҷониби Эрон маълум нест.

Дар ҳамин ҳол Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи 5-и май дар шабакаи иҷтимоии “Truth” хабар дод, ки бо дархости Покистон ва Арабистони Саудӣ амалиёти “озодсозии киштиҳо”-ро мутаваққиф кардааст. Вале бо лаҳни таҳдидомез навишт, ки агар Эрон ба пешниҳодоти Амрико посухи мусбат надиҳад, ҳамларо оғоз хоҳад кард.

Ин ҳам дар ҳолест, ки охири ҳафтаи гузашта Трамп ба Конгресси Амрико расман иттилоъ дода буд, ки ҷанг ба поён расидааст ва бо гузашти 60 рӯз аз оғози ҳамлаи низомии Амрико ба Эрон мудохалаи Конгрессро зарур намешуморад.

Ёдовар мешавем, ки мувофиқи қонунҳои Амрико, ҷангҳое, ки ин кишвар дар хориҷ аз хокаш анҷом медиҳад, агар аз 60 рӯз бештар давом кунад, бояд Конгресс барои идома додан, ҳаҷми будҷети он ва ё хотима додани ҷанг тасмим бигирад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.