Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп субҳи 20-уми август дар шабакаи иҷтимоии “Truth Social” эълон кард, ки Вашингтон барномаи нави фишорҳои иқтисодиро алайҳи Эрон оғоз мекунад. Ӯ ин иқдомро “шадидтарин амалиёти иқтисодӣ алайҳи як кишвар дар таърих” номид.
Ба гуфтаи Трамп, ҳеҷ як президенти пешини Амрико ба Эрон ба андозаи ӯ барои расидан ба созиши нав фурсат надода буд, аммо ба гуфтаи ӯ, Теҳрон аз ин имконият истифода накард.
Раиси ҷумҳури Амрико изҳор дошт, ки ҳадафи сиёсати нави Вашингтон боз ҳам бештар маҳдуд кардани имкониятҳои иқтисодии Эрон аст. Ӯ ҳамчунин иддао кард, ки дар натиҷаи фишорҳои пешина имкониятҳои низомии Эрон заиф шуда, иқтисоди кишвар бо мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ гардидааст.
Трамп ҳамчунин ҳушдор дод, ки ҳар кишвар, ширкат ё муассисаи молие, ки ба гуфтаи ӯ барои Эрон “роҳи нафаскашии иқтисодӣ” фароҳам созад, метавонад бо таҳримҳо ва дигар чораҳои иқтисодии Амрико рӯбарӯ шавад. Ӯ аз қатъи қочоқи нафт, маҳдуд кардани интиқоли маблағ, фаъолияти ширкатҳои коғазӣ ва дигар роҳҳои давр задани таҳримҳо низ ёдовар шуд.
Пештар вазири молияи ИМА Скотт Бессент гуфта буд, ки стратегияи нави Вашингтон ба пурзӯр кардани фишорҳои иқтисодӣ ва маҳдуд сохтани тиҷорати баҳрии Эрон равона шудааст, то манбаъҳои асосии даромади ин кишвар коҳиш дода шаванд.
Дар баробари ин, Трамп таъкид кард, ки дар сурати даст кашидани Теҳрон аз барномаи дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ, имкони азсаргирии музокирот миёни ду кишвар вуҷуд дорад.
Ин изҳорот дар ҳолест, ки муҳлати 60-рӯзаи меморандуми тафоҳуми миёни Иёлоти Муттаҳида ва Эрон рӯзи 17-уми август ба анҷом расид. Аббос Ироқчӣ вазири умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба эълони таҳримҳо гуфтааст, ки афзоиши таҳримҳо ва фишорҳои иқтисодӣ наметавонад Эронро ба таслим водор кунад, балки ба гуфтаи ӯ, танҳо боиси афзоиши танишҳо ва бадтар шудани муносибатҳои ду кишвар хоҳад шуд.
