23.9 C
Dushanbe

Трамп дар хитоб ба Натанёҳу: “Ту девона шудаӣ”

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар як тамоси телефонӣ Бинёмин Натанҳоё, Сарвазири Исроилро бо лаҳни тунд сарзаниш кардааст.

Хабаргузории амрикоии Axios шоми рӯзи душанбе бо такя ба манобеаш аз доираҳои огоҳ гузориш дод, ки тамоси телефонии раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп ва Сарвазири Исроил Бинёмин Натанёҳу ба як ҷанҷоли лафзии бесобиқа табдил ёфтааст.

Ба иттилои манбаъ, Трамп Натанёҳуро ба тахриби музокирот бо Эрон муттаҳам карда ва гӯё монеи ҳамлаи Исроил ба Бейрут шудааст.

Манобеи дипломатӣ дар Вашингтон ба расонаҳо шиддати ин гуфтугӯро “тӯфонӣ ва пур аз алфози тунд” тавсиф карданд. Гуфта мешавад, сабаби ин тамос ва лаҳни сахти Трамп, амалиёти низомии густурдаи Исроил дар Лубнон ва таҳдиди аҳолии Бейрут барои холӣ кардани шаҳр мебошад.

Бино ба иттилои ду мақоми расмии Амрико ва манобеи огоҳ, ки хабаргузории Axios аз онҳо иқтибос овардааст, Доналд Трамп аз рафтори Натанёҳу ва иқдомҳои низомии охири Исроил ба шиддат хашмгин шуда, бо лаҳни бесобиқае ба Сарвазири Исроил ҳушдор додааст.

Дар гузориши хабаргузориҳо омадааст, ки Трамп дар ин тамоси телефонӣ хитоб ба Натанёҳу гуфтааст: “Ту комилан девона шудаӣ. Чи кор карда истодаӣ? Агар ман намешудам, ту ҳоло дар зиндон будӣ. Ман туро наҷот дода истодаам, аммо ҳоло бо ин корҳоят ҳама аз ту ва Исроил нафрат доранд.”

Ба назари таҳлилгарон, ишораи Трамп ба парвандаҳои додгоҳии коррупсионии Натанёҳу дар дохили Исроил ва дастгириҳои сиёсии Вашингтон аз ӯ мебошад. Трамп Исроилро ба вокунишҳои беҷо ва танҳо ба хотири нест кардани як фармондеҳи “Ҳизбуллоҳ” тахриб кардани биноҳои истиқоматӣ айбдор карда, талаб намудааст, ки ҳуҷум ба Байрут фавран қатъ карда шавад.

Дар пайи ин тамоси телефонӣ Доналд Трамп дар шабакаи иҷтимоии худ “Truth Social” расман эълон кард, ки Исроил нақшаи ҳуҷум ба Байрутро боздоштааст. Ӯ гуфт: “Ҳеҷ нерӯе ба Байрут нахоҳад рафт ва он қувваҳое, ки дар роҳ буданд, аллакай ба ақиб баргардонида шуданд.” Трамп илова кард, ки ҳарду тараф (Исроил ва “Ҳизбуллоҳ”) ба таваққуфи ҳуҷумҳо розигӣ додаанд.

Аммо коршиносони байналмилалӣ бар ин назаранд, ки фишори Кохи Сафед ба Исроил бештар ба созишномаи эҳтимолии ИМА ва Эрон вобаста аст. Чун Теҳрон рӯзи душанбе эълон карда буд, ки дар сурати идомаи ҳамлаҳои Исроил ба шаҳри Бейрут музокироти ғайримустақими сулҳро бо Вашингтон қатъ хоҳад кард. Вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ироқчӣ низ изҳор дошт, ки оташбас бо ИМА бояд тамоми ҷабҳаҳо, аз ҷумла Лубнонро дар бар гирад.

Таҳлилгарон таъкид мекунанд, ки барои Трамп дастёбӣ ба созишнома бо Эрон ва боз кардани Тангаи Ҳурмуз авлавияти калидӣ дорад. Бинобар ин, ӯ иқдомҳои Исроилро монеаи асосии сиёсати хориҷии худ медонад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Муаллимро заданд ва алайҳаш парванда боз карданд

Мақомот бар зидди омӯзгоре, ки аз ҷониби бародари шогирдаш мавриди латтукӯб қарор гирифта ва шикоят карда буд, парвандаи маъмурӣ боз кардаанд.

Боронҳои шадид ба шоҳроҳи Душанбе–Чаноқ осеб расонданд

Рӯзи 1-уми июн бар асари бориши шадиди борон дар километрҳои 138 то 143-и шоҳроҳи Душанбе–Чаноқ, дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ селоб рух дода, ҳаракатро мушкил сохт.

Нархи семент дар бозорҳои Тоҷикистон арзон шуд

Нархи семент дар бозорҳои Тоҷикистон пас аз болоравии бесобиқа дар рӯзҳои охир каме коҳиш ёфтааст.

Озодии ду узви собиқи раёсати олии ҲНИТ

Муҳаммадшариф Набиев ва Абдусамад Ғайратов, ду узви собиқи раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз зиндон озод шуданд.