Трамп гузоришҳо дар бораи таҳдиди Русия ба НАТО-ро рад кард

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико мегӯяд, мутмаин аст, ки Русия ба ҳудуди кишварҳои узви НАТО ҳамла нахоҳад кард. Ӯ ин изҳоротро рӯзи 27-уми август дар Кохи Сафед зимни суҳбат бо хабарнигорон ва ҳамчунин дар мусоҳиба бо нашрияи Axios баён кард.

Трамп гуфт, бо президенти Русия Владимир Путин “гуфтугӯи хуб” доштааст ва ба гуфтаи ӯ, “ҳеҷ ҳамлае ба қаламрави НАТО сурат нахоҳад гирифт”. Ӯ ҳамчунин гузориши расонаҳоро дар бораи он ки раиси CIA Ҷон Рэтклифф барои ҳушдор додан ба Маскав сафар кардааст, камаҳамият арзёбӣ намуда, гуфт, ин гуна мулоқотҳо миёни роҳбарони хадамоти истихборотӣ амри маъмулӣ буда, паёми махсусе дар миён набуд.

Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки чанде аз расонаҳои ғарбӣ, аз ҷумла The Wall Street Journal ва Politico, бо истинод ба манбаъҳои худ навишта буданд, ки Ҷон Рэтклифф рӯзи 25-уми август ба Маскав сафар карда, масъалаи эҳтимоли ҳар гуна иқдоми низомии Русия алайҳи кишварҳои НАТО ва ҳамчунин дастгирии Маскав аз Эронро матраҳ кардааст. Бо вуҷуди ин, мақомоти амрикоӣ ҷузъиёти расмии мулоқотро нашр накардаанд.

Ҳамзамон Кремл низ гузоришҳоро дар бораи омодагии Русия барои ҳамла ба кишварҳои узви НАТО рад карда, онҳоро “саргузаштҳои тарсонанда” номидааст. Бо вуҷуди ин, бархе мақомоти аврупоӣ ва таҳлилгарони ғарбӣ ҳанӯз ҳам аз эҳтимоли афзоиши таниш миёни Русия ва НАТО изҳори нигаронӣ мекунанд. Ба назари онҳо, ҷанги Русия алайҳи Украина яке аз масъалаҳои асосии гуфтугӯҳои Вашингтон ва Маскав боқӣ хоҳад монд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.

Трамп: Ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, мегӯяд, ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад, аммо муҳлати мушаххасеро эълон накард.

Тоҷикистон ҳамлаҳои ҳусиҳо ба Арабистони Саудиро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот рӯзи 14-уми сентябр ҳамлаҳои ҳусиҳо ба зерсохторҳои Арабистони Саудиро маҳкум кард.

Идомаи таъқибу фишори Муҳаммад Султон пас аз озод шуданаш аз зиндон

Рӯзноманигори собиқи тоҷик ва полковники мустаъфӣ Мамадсултон Мавлоназаров, аз идомаи таъқибу фишор пас аз озод шуданаш аз зиндон хабар дод.