31.9 C
Dushanbe

Трампу Путин бо ҳам дидор мекунанд

Интизор меравад Доналд Трамп президенти тозаинтихоби Амрико бо Влидимер Путин раисҷуҳури Русия мулоқот кунад.

Дар ин бора Трамп ба суолҳои рӯзноманигорон посух дода, ки дар ҳоли ҳозир раванди омодасозии дидор ба анҷом мерасад. Ба гуфта Трамп, брои мулоқот худи Путин хоҳиш карда аст.

“Ӯ мехоҳад мулоқот кунад. Ва мо омодагӣ дида истодаем”, – мегӯяд президенти мунтахаби ИМА дар посух ба суоли рӯзноманигорон

Ҳамчунин Трамп қабл аз мулоқот бо губернаторони ҷумҳурихоҳ дар қароргоҳи худ дар Флоридо гуфта, ки “Мо бояд ба ин ҷанг хотима диҳем. Ин як бесарусомонии хунин аст”.

Аммо то ҳол дар бораи замон ва макони мулоқот ва дар кадом шакл сурат гирифтани дидор ҳеч маълумоте нест. Ҳатто пас аз таъйиди ин дидори қарибулвуъ миёни роҳабари тозаи Амрико бо роҳбари Русия аз сӯи сухангуи Кремин Димитрий Песков дар бораи замону макон маълумоте нашр нашудааст.

Тибқи гузориши расонаҳои русӣ, Песков таъкид карда, ки Путин барои дидор бо ҳеч як аз раҳбарони ҷаҳон зид нест ва ҳеч шарте ҳам намегузорад ва танҳо хоҳиши дуҷониба барои музокира лозим аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.