“Турки босмачӣ” ва.. “тоҷики сурх”?

Баъди ҳабси як блогери муҷоҳидситези узбек, баҳси босмачиҳо дар шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ дубора рӯ зад. Тоҷикистон аз камтар кишварҳои пасошӯравист, ки муборизонаш барои истиқлол дар солҳои 20-30-и асри гузаштаро на танҳо қаҳрамон намешиносад, балки онҳоро ҳатто сафед накардааст. Яке аз сабабҳои ҳамеша ба баҳсҳои тунд байни корбарони шабакаҳои табдил шудани мавзӯъ низ ҳамин аст. 

Дар Узбекистони ҳамсоя, ки чанд сол аст муборизин алайҳи истилои Артиши Сурхро қаҳрамон мехонанд, як блогер барои таҳқири “босмачиҳо” маҳкум ба зиндон шуд. Додгоҳи ин кишвар блогер Азиз Ҳакимовро, ки бо тахаллуси Comrade Aziz маъруф аст, дар барангехтани адоват гунаҳкор донист ва барои 4 солу 2 моҳ аз озодӣ маҳрум сохт. Дар иттилоияи додгоҳ гуфта мешавад Ҳакимов дар тӯҳмат (қисми 2-и моддаи 139), таҳқир (қисми 2-и моддаи 140) ва барангехтани адовати миллӣ, нажодӣ, қавмӣ ё динӣ (қисми 2-и моддаи 156) гунаҳкор дониста шудааст. Ҳакимов алайҳи қарори Додгоҳи олии Ӯзбекистон дар бораи сафед ва барқарор кардани номи роҳбарони муборизон алайҳи таҷовузи Артиши Сурх эътироз карда ва мубоизонро террорист хондааст.

Ҳукми додгоҳи Узбекистон билофосила эътирози ҷониби Русияро, ки бинобар сиёсатҳои Путин то ҳол аз Артиши Сурх ҳимоят мекунад, барангехт, ки онро сиёсӣ хонд. Қабл аз мурофиаи додгоҳӣ сухангӯи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова изҳор дошта буд Маскав ба қарори одилонаи додгоҳи Ӯзбекистон дар қазияи Ҳакимов умедвор аст, чун ба гуфтаи ӯ, “блогер худро ҳамчун ҷонибдори рушди муносибатҳои ду кишвар нишон додааст”.

Ҳамроҳ бо мақомоти Русия, гурӯҳе аз чонибдорони Артиши Сурх, ки шуморашон то ҳол кам нест, алайҳи ин қарор садо баланд карданд, ки боиси рӯ задани дубораи баҳс дар бораи муҷоҳидини сад соли пеш гардид. Бархе аз онҳо ин иддаоро ҳам пеш оварданд, ки “аксари босмачиҳо туркнажод буданд”.
Садо додани чунин иддаое, ки қаблан танҳо ба бархе аз раҳбарони муҷоҳидин, мисли Иброҳимбек гуфта мешуд, агар ҳам барномарезишуда аз тарафи кадом ниҳоде дар дохил ё хориҷ нест, на танҳо баҳсро тундтару хатарноктар мекунад, балки заминаест барои хат задани номи тоҷик аз сафи яке аз шуҷоъонатарину ватандоронатарин ҳаракатҳо дар сад соли охир аст. Ҳамзамон бо ин иддао пайдо шудани чанд пости дигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар муқоисаи қудрати артиши ду кишвар ва ё мабнӣ бар ин ки агар фаразан байни Узбекистону Тоҷикистон ҷанг шурӯъ шавад, кадом кишваре аз кадоме аз онҳо ҳимоят хоҳад кард ва ҳамчунин сар задани баҳсҳои қавмӣ дар шабакаҳо ба падидаи хатарноке ишора мекунад. Албатта имкон дорад ин ҳама тасодуф бошад, аммо тибқи як қавли маъруф “ҳеҷ тасодуфе тасодуф нест”.

Муборизаҳои истиқлолхоҳӣ дар Тоҷикистон қабл аз ҳар ҷумҳурии дигари Шӯравӣ шурӯъ шуда буд, ки ба авоили солҳои 70 – замони авҷи қудрати ин режим мерасад. Садоҳои эътироз ва ҳарфи истиқлол низ ҳанӯз қабл аз кишварҳои назди Балтик дар Тоҷикистон садо дода буданд. Ин шарафро мешуд барои ҳамеша ҳифз кард ва Тоҷикистонро дар саргаҳи муборизаҳои истиқлолхоҳӣ алайҳи режими истибдодии Шӯравӣ қарор дод. Аммо на танҳо ин шараф ҳифз нашуд, балки баръакс тарафи дигари масъала – истилопазирии тоҷикон бештар тарғиб шуда, ҳоло ҳам кӯшиш мешавад бедортарин мардуми замони Шӯравӣ тарафдори Артиши Сурх ва душмани ҳаракатҳои истиқлолхоҳӣ муаррифӣ шавад. 

Барои мисол, ҳамеша чи тарафдорони Шӯравӣ ва чи мухолифони он ҳамеша аз ин саҳифаи нанговари таърих ёд мекунанд, ки дар охирин раъйпурсӣ дар таърихи Шӯравӣ, ки барои боқӣ мондан ё барҳам хӯрдани он баргузор шуд, беш аз 95 дарсади сокинони Тоҷикистон барои боқӣ мондани режими сурх овоз доданд. Дар ҷумҳуриҳои дигари Осиёи Марказӣ низ дарсади овозҳо фарқи камтаре аз Тоҷикистон дошт (Узбекистон 93,7%, Қазоқистон — 94,1%, Қирғизистон — 94,6%, Туркманистон — 97,9%), аммо худи тоҷикон натиҷаи ин овоздиҳиро чунон ба намоиш мегузоранд, ки гӯё хеле бештар аз дигарон хостори боқӣ мондани Шӯравӣ будаанд.  Дар ҳоле, ки суолҳои зиёде метавон дар бораи ин раъйпурсӣ ироа кард. Барои мисол дар бораи шаффоф будани он – дар кишваре, ки ҳаргиз интихобот ё раъйпурсии озоде баргузор нашудааст ва ин раъйпурсӣ куллан аз ҷониби мансабдорон, яъне асилтарин тарафдорони режим контрол мешавад, чӣ гуна мешавад бовар кард, ки раъйпурсӣ шаффоф будааст ва воқеъан ҳудуди 96 дарсади тоҷикон ба тарафдории боқӣ мондани Шӯравӣ овоз додаанд?  

Ҳамин бепарвоиву хунукназарии тоҷикон буд, ки бузургшаҳрҳояшон – Бухорову Самарқанд ва шаҳри вилоёти зиёди дигараш туркӣ шуданд. Ҳоло босуръати тамом бузургонаш – аз Хоразмиву Беруниву Ибни Сино то ҳатто Мавлонову Хайём турк мешаванд. Худи тоҷикон буданд, ки бузургшаҳрҳову заминҳои зиёдеро бо ду дасти адаб тӯҳфа карданд. Ва ҳоло яке аз бузургтарин шарафҳои таърих – муборизаи пуршаваф алайҳи яке аз хунхортарин артишҳои таърихро ҳам бо ҳамин ду дасти адаб доранд туркӣ месозанд.     

Имрӯз вақте аз забони тоҷикон “босмачиҳо турк буданд” садо медиҳад, фардо аз забони дигарон хоҳед шунид, ки аксари тоҷикон тарафдори Артиши хунхори Сурх буданд. Яъне тоҷикон – бумитарин мардуми ин сарзамин ҳеҷ муборизае алайҳи лашкари истилогару таҷовузгару хунхори рус анҷом надоданд, балки тарафдори он буданду бо гулу гулдаста пешвозаш гирифтанд. Туркҳои кӯчманчӣ бошанд бо шуҷоъати тамом сар баланд карданд ва то охирин қатраи хун бо истилогар ҷангиданд. Каме дертар ин иттиҳомро ҳам хоҳем шунид, ки агар тоҷикон хиёнат намекарданду ватанашонро ба русҳо намефурӯхтанд, туркҳо ҳаргиз ин иҷозаро намедоданд, ки артиши бегона вориди ин сарзамин шавад. 

Бовар кунед, ҳама дурӯғу иттиҳомҳо дар таърих ҳамин гуна – кам-кам, бо оҳистагӣ. қадам ба қадам болои мардум бор карда мешавад ва билохира ба “ҳақиқат” табдил мешавад. Ҳамон гуна, ки махлуқе бо тахаллуси Ленин барои даҳҳо халқ пешво шуда буд ва ҳама ба ин бовар буданд, ки ин кали хунуки пакана онҳоро аз ғуломӣ озод кардаву босавод сохтааст. Ҳамон гуна, ки сокинони кишвари ҳамсоя сидқан бовар доранд Самарқанду Бухоро ҳамеша шаҳрҳои туркӣ буданд. Ҳамон гуна, ки туркҳои Туркия мутмаинанд Мавлоно турк буд.

Вақте ҳукуматҳои кишварҳои туркзабони ҳамсоя муборизини зидди Атиши Сурхро қаҳрамон мешиносанду ҳукумати Тоҷикистон танҳо “босмачӣ”, вақте ҳамсояҳо ҳар касе муҷоҳидинро таҳқир кард ба зиндон мефиристанду аз забони тоҷик “босмачиҳо турк буданд” садо медиҳад ва вақте постҳои дигаре, ки зикрашон дар боло рафт дар ҳошияи ин сарусадоҳо пайдо мешаванд, ҳади ақали хулоса чунин аст: агар ин раванд идома кард рӯзе тоҷикон хоин ва гунаҳкори асосии ҳамлаи русҳо ба Осиёи Марказӣ хоҳанд баромад.   

Мубориза алайҳи ҳар бегонае, ки ба хокат тохтааст шараф аст. Тоҷикон ҳамеша ин шарафро бештар аз ҳар каси дигаре доштаанд ва бинии истилогарони зиёдеро ба хок молидаанд. Тоҷикон сутунмӯҳраи аслии мубориза алайҳи истилои рус буданд. 

Мувозиб бош! Вақте мегӯӣ “босмачиҳо турк буданд” чунин маънӣ дорад: бобоҳои узбеку қирғизу қазоқ муҷоҳид буданд ва барои дифоъ аз ватану номусашон қиём карданд, бобои ман хоин буд ва ғосибу истилогарро бо гулу гулдаста пешвоз гирифт. Вақте чунин мегӯӣ худат дар назари дигарон хоину бешарафу беномусӣ! 

Мувозиб бош!

Абдуманон Шералиев

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қонун барои ҳама: Дар Суғд мардон низ аз ҳаққи гирифтани алимент истифода мекунанд

Дар вилояти Суғд на танҳо занон, балки мардон ҳам аз ҳамсарони собиқи худ барои нигоҳубини фарзандон алимент мегиранд.

Содир Ҷабборов мехост курсии президентиро ба Тошиев вогузорад, аммо…

Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон гуфта, ки омода буд дар интихоботи президентии соли 2027 номзад нашавад ва аз номзадии "дӯсташ" Қамчибек Тошиев ҳимоят кунад.

Талафоти нерӯи барқ дар вилояти Хатлон аз 20% бештар шудааст. Мушкил дар куҷост?

Давоми ҳафт моҳи соли ҷорӣ талафоти нерӯи барқ дар бархе ноҳияҳои вилояти Хатлон аз 20 дарсад ҳам бештар шудааст.

Вокуниши Ҳукумати Тоҷикистон дар пайи марги як сокини ноҳияи Дарвоз

Ҳукумати Тоҷикистон дар пайи кушта шудани сокини ноҳияи Дарвоз Ҷасминаи Ширинҷон (Ятимзода) вокуниш карда, ба ҷониби Афғонистон нотаи эътирозӣ фиристод.