Ҳуҷҷатҳои раиси ВМКБ аз дарёи Панҷ пайдо шуданд

Наҷотбахшон ва марзбонони тоҷик рӯзи 28-уми июн ҳуҷҷатҳо ва ашёи шахсии раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) Алишер Мирзонаботро аз дарёи Панҷ пайдо кардаанд.

Бино ба иттилои расмӣ, аз ҷумла, шиносномаи дохилӣ, шиносномаи хориҷӣ ва шиносномаи дипломатии ӯ, инчунин ҷузвдон, дафтари ёддошт ва ноутбуки раиси вилоят аз об берун оварда шудаанд.

Бо вуҷуди ин, бо гузашти тақрибан ду ҳафта аз садама, ҷасади Алишер Мирзонабот, ҳамсараш Амина Амонуллоева ва духтари дусолаи онҳо Орифа то ҳол пайдо нашудааст.

Пеш аз ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз пайдо шудани ҷасади Садоншо Ҷанобалишо, ёвари раиси ВМКБ хабар дода буд. Ба иттилои ин ниҳод, ҷасади ӯ рӯзи 26-уми июн тақрибан 20 километр поёнтар аз маҳалли суқути мошин дар дарёи Панҷ пайдо шудааст. Пештар инчунин ҷасади Сино Муборакшоев, ронандаи раиси вилоят низ пайдо шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки мошини хидматии раиси ВМКБ рӯзи 17-уми июн ҳангоми ҳаракат аз Душанбе ба Хоруғ дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз аз роҳ берун шуда, ба дарёи Панҷ сарозер гардид. Дар дохили мошин панҷ нафар қарор доштанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби ҳодисаро суръати баланд ва аз уҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда арзёбӣ кардааст.

Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дар амалиёти ҷустуҷӯ беш аз 200 нафар наҷотбахш иштирок доранд. Онҳо дар рӯи об ва зери об дар ҳудуди ноҳияҳои Дарвоз, Шамсиддин Шоҳин ва дигар мавзеъҳои соҳили дарёи Панҷ ҷустуҷӯи бедаракшудагонро идома медиҳанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Талош барои пешгирӣ аз истирдоди паноҳандагони тоҷик аз Австрия ба Тоҷикистон

Мақомоти Австрия талош доранд бо дархости Тоҷикистон 18 паноҳандаи тоҷикро ба Душанбе истирдод кунанд.

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол ба поён расид: 16 даста аз идомаи мусобиқа маҳрум шуданд

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футболи соли 2026 ба анҷом расид ва 32 даста роҳхати даври ҳазфиро ба даст оварданд.

Рӯзи ваҳдати миллӣ — байни дастоварди таърихӣ ва суолҳои имрӯз

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26-уми июни соли ҷорӣ зимни суханронияш дар робита ба Рӯзи ваҳдати миллӣ, Созишнмоаи сулҳро "бузургтарин дастоварди тоҷикон" номид.

Шиддати гармо Аврупо: Олмон ва Фаронса ба сокинон ҳушдор доданд

Кишварҳои Аврупо рӯзҳои охир бо яке аз шадидтарин мавҷҳои гармо дар солҳои охир рӯбарӯ шудаанд.