32.9 C
Dushanbe

Улфатхоним Мамадшоева ба 21 соли зиндон маҳкум шуд

Улфатхоним Мамадшоева, рӯзноманигор ва фаъоли ҷомеаи маданӣ ба 21 соли зиндон маҳкум шуд. Дар ин бора Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳукми ин рӯзноманигори тоҷикро, Додгоҳи олии Тоҷикистон аввали ҳафтаи ҷорӣ содир кардааст. Ҷузъиёти бештар аз рафти ин мурофиа дастраси расонаҳо нест. Мақомоти тоҷик мисли ҳамеша ин ҳукмҳои тӯлониашонро нисбати фаъолон шарҳ надодаанд.

Рӯзноманигор ва фаъоли маданӣ Улфатхоним Мамадшоева бо ҳамсари собиқаш Холбаш Холбашов собиқ сардори Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон дар ВМКБ, ки дертар ба ҳукми абад маҳкум шуд, дар як рӯз – 18 майи cоли ҷорӣ, пас аз тазоҳурот ва нооромиҳои моҳи майи имсол дар вилоят, ки бо марги даҳҳо нафар анҷомид, боздошт шуданд.

Парвандаи ин рӯзноманигорро Додситонии кул ва КДАМ таҳқиқ карда, нисбати Улфатхоним Мамадшоеваро бар асоси ҳашт моддаи Кодекси ҷиноятӣ, аз ҷумла “даъват барои сарнагун кардани ҳукумати қонунӣ” муттаҳам намуда буд. Аммо худи ӯ ва наздиконаш ин иттиҳомотро рад мекунанд.

Улфатхоним Мамадшоева, ягона рӯзноманигоре нест, ки мақомоти тоҷик равонаи зиндон карданд. Пештар аз ӯ Далери Имомалӣ ба 10 сол, Муҳаммади Султон ба 7 сол, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 7,5 соли зиндон, Завқибек Саидаминӣ ба 7 сол, Раҳматуллоҳи Раҷаб ва Абдуқаҳҳори Давлат ба 28 солӣ, Ҳикматуллоҳи Сайфуллозода ба 16 сол, Маҳмадалӣ Ҳаит ба ҳукми абад ва чанд тани дигар  маҳкум ба зиндон шуданд. Инчунин чанд тан аз рӯзноманигорону блогерони дигар дар боздоштгоҳҳо мунтазири ҳукми додгоҳанд.

Боздошту зиндони кардани рӯзноманигорони тоҷикро созмонҳои ҷаҳонӣ ва ҳимояи рӯзноманигорон маҳкум карда, борҳо озодии бечуну чарои онҳоро аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб карданд, вале мақомоти тоҷик мисли ҳамеша ин дархостҳоро нодида гирифт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Сафорат боздошти муҳоҷирон дар Митиноро шарҳ дод

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 30-уми майи соли ҷорӣ пас аз боздошти беш аз 150 муҳоҷири корӣ, ки дар расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ бозтоби густарда ёфт, шарҳ дод.

Санги қабри Мамадбоқировро канданд

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон санги рӯи қабри...

Киев ва Маскав ҳар ду мавриди ҳамла қарор гирифтанд

Тайи се рӯзи ахир Русия ҳамлаҳои худ алайҳи Украинаро афзоиш додааст, вале Маскав ҳам субҳи имрӯз мавриди ҳамла қарор гирифт.

Бонки миллӣ мизони таваррум дар кишварро эълон кард

Тибқи нишондодҳои расмӣ, дар 4 моҳи аввали соли ҷорӣ Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар кишвар 8 дарсад рушд карда, сатҳи таваррум 2,3 дарсадро ташкил додааст.