Ҳунарманди маъруфи тоҷик ва роҳбари гурӯҳи ҳаҷвии «Ғарибшо кампания» Бахтиёр Раҳимов шаби 30-юми июн дар синни 56-солагӣ дар шаҳри Ҳисор даргузашт.
Дар бораи даргузашти ӯ нахуст дӯстону ҳамкоронаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода, марги Раҳимовро талафоти бузург барои ҳунари ҳаҷву танзи тоҷик номиданд.
Наврӯз Шарифов, продюсери барномаҳои Бахтиёр Раҳимов, ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ҳунарманд шоми дирӯз дар осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ»-и шаҳри Ҳисор барномаи ҳунарӣ дошт.
Ба гуфтаи ӯ, Раҳимов тақрибан ду соат дар саҳна ҳунарнамоӣ карда, мардумро хандонд. Пас аз он навбатро ба як овозхон дода, барои истироҳат ба пушти саҳна рафт. Дар он ҷо вазъи саломатиаш ногаҳон бад шуд ва пас аз лаҳзае даргузашт.
Гуфта мешвад, Бахтиёр Раҳимов аз бемориҳои дил ва диабети қанд ранҷ мебурд ва қасд дошт барои муолиҷа ба Ҳиндустон сафар кунад.
Маросими ҷанозаи ӯ имрӯз, 1-уми июл, пас аз намози пешин дар деҳаи Ноҷии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад.
Бахтиёр Раҳимов бо тахаллуси «Ғарибшо» миёни мардум шинохта мешуд. Ӯ роҳбари гурӯҳи ҳаҷвии «Ғарибшо кампания» буд, ки соли 2000 таъсис ёфта, дар тӯли беш аз ду даҳсола бо барномаҳои ҳаҷвӣ миёни мардум маҳбубият пайдо кард.
Дар саҳнаҳои ҳаҷвии худ Раҳимов бештар ба мушкилоти рӯзгори мардум, камбудиҳои иҷтимоӣ ва масъалаҳои зиндагии ҳаррӯза мепардохт. Ӯ бо истифода аз танзу ҳаҷв мушкилоти ҷомеаро баён мекард ва бо ҳамин сабк миёни бинандагон шуҳрати зиёд пайдо карда буд.
Солҳои охир Бахтиёр Раҳимов дар чорабиниҳои давлатӣ, барномаҳои телевизионии расмӣ ва ҷашнҳои фарҳангии ҳукуматӣ камтар ҳузур дошт ва ба чунин чорабиниҳо даъват намешуд. Бо вуҷуди ин, осори ҳаҷвии ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва миёни ҳаводоронаш ҳамчунон тамошобини зиёд дошт.
Даргузашти Бахтиёр Раҳимовро ҳамкорон, ҳунармандон ва ҳазорон корбари шабакаҳои иҷтимоӣ талафоти бузург дар соҳаи фарҳанг ва ҳунари тоҷик унвон карда, бо изҳори ҳамдардӣ аз фаъолияти чандинсолаи ӯ дар ҳунари ҳаҷву танзи тоҷик қадрдонӣ карданд.
