33.9 C
Dushanbe

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: шахсоне, ки газро беасос гарон кардаанд, ҷазо мегиранд

Акс аз Ozodi.org

Имрӯз 16 июл сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон Абдумаҷид Муминзода дар нишасти матботӣ ба хабарнигорон гуфт, ки гароншавии газ бар зарари худи тоҷирон низ ҳаст, зеро эҳтимол дорад истифодабарандагон аз газ ба бензин гузаранд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аксари худравҳо, аз ҷумла таксиҳо бо гази моеъ ҳаракат мекунанд. Дар ин чанд рӯзи ахир яку якбора газ аз 3.20 с. ба 4.40 с. расид, ки ин боиси гарон шудани роҳкиро ва дигар хидматрасониҳои нақлиётӣ гардид.

Бино бар иттилои Хадамоти зиддиинҳисорӣ арзиши аслии як литр газ дар бозори дохилӣ 3 сомонию 20 дирамро ташкил медиҳад. Дар баробари гарон шудани он гурӯҳҳои кории Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба санҷиши як қатор ширкатҳои воридкунандаи газ корро оғоз кардааст.

“Дар сурати ошкор шудани беасос боло бурдани нарх қонуншиканон ҷазои маъмурӣ мегиранд”, – гуфт раиси Хадамот.

Ба гуфтаи сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон аз баски нархи газ аз бозорҳои дохилӣ муайян намешавад, ин ниҳод ҳуқуқи дахолат намудан ба ҷараёни нархгузории газро надорад.

Ба навиштаи “Азия-Плюс” Тоҷикистон ҳамасола бештар аз 400 ҳазор тонна ба гази моеъ ниёз дорад. Бино ба маълумоти Вазорати энергетика, соли гузашта ба Ҷумҳурӣ беш аз 430 ҳазор тонна гази моеъ ворид гардида буд.

Тибқи ин маълумот, ки гази миқдори ниёзи аҳолӣ пурра ба кишвар ворид гаштааст, пас гароншудани он бо кадом асос аст?

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.