17.9 C
Dushanbe

Марзбонони қирғиз ду фирорӣ аз зиндони Узбекистонро дастгир карданд

Акс аз сомонаи “kg.akipress.org”

Марзбонони қушунҳои сарҳадии Ала-Букаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар якҷоягӣ бо кормандони Вазорати корҳои дохилии ин кишвар 4-уми августи соли ҷорӣ ду шаҳрванди фирории Узбакистонро, ки аз зиндони ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканди Узбакистон фирор карда буданд, боздошт карданд. Дар ин бора хабаргузории “CentralAsia” бо такя ба иттилои Дафтари матбуоти қушунҳои сарҳадии Қирғизистон хабар дод.

Бино ба гузориши ин пойгоҳи хабарӣ, ба сарҳадбонони қушунҳои сарҳадии Ала-Бука иттилооте расидааст, ки ду маҳбус аз макони боздошташон дар ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканди Узбакистон фирор кардаанд.

Гуфта мешавад, ки баъд аз хабардор шудани қушунҳои сарҳадии Ала-Бука дар хати сарҳади давлатӣ сарҳадбонон якҷоя бо кормандони ВКД Қирғизистон ду шаҳрванди Узбакистонро боздошт карданд, ки онҳо баъд аз фирор кардан аз зиндон мехостаанд хоки Узбакистонро тариқи ин сарҳад тарк кунанд.

“Ба туфайли амали сарҳадбонон ва кормандони ВКД шаҳрвандони Узбекистон С.Х., соли таваллудаш 1996 ва А. Б., соли таваллудаш 1991, дар минтақаи Бел-Соготи ноҳияи Оқсаии вилояти Ҷалолобод ҳангоми кӯшиши ғайриқонунӣ убур кардани сарҳади давлатӣ дастгир карда шуданд”, – омадааст дар хабари Қушунҳои сарҳадии Қирғизистон.

Пас аз тартиб додани ҳуҷҷатҳои дахлдор, дастгиршудагон барои тафтишоти иловагӣ ба Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон супорида шуданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Идомаи “рейд”-и муҳоҷирон дар Русия

Ҳафтаи дуюм аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Русия...

Боздошти собиқ раиси Тоҷик-Эйр

Мақомоти Тоҷикистон собиқ раиси Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ва ширкати ҳавопаймойи "Тоҷик-Эйр"-ро боздошт кардаанд.

Сиёсати ҷанг ё идораи об?

Дар натиҷаи набардҳои ба вуҷуд омада дар минтақаҳои ҳаммарзи Афғонистон ва Эрон дасти кам се нафар кушта ва даҳҳо каси дигар аз ду тараф ҷароҳат бардоштанд.

Аз истирдоди як тоҷик ба Душанбе пешгирӣ шуд

28-уми майи соли ҷорӣ аз истирдоди паноҳҷӯи тоҷик Сорбон Абдураҳимзодаи 30-сола аз Варшава ба Душанбе пешгирӣ шуд.