-5.1 C
Dushanbe

Аз асорат озод намудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар Украина

Акс аз сомонаи Пулиси милли Украина (www.npu.gov.ua)

Пулиси миллии Украина аз анҷоми парвандаи гурӯҳи ҷиноятие хабар дод, ки дар шарқи Украина вилояти Закарпатйе ноҳияи Високоберезнянскийи як оилаи 4-нафараи зодагони Тоҷикистонро гаравгон гирифта буданд. Дар ин бора торнамои Пулиси милии Украина рӯзи 27 август хабар дод.

Бино ба иттилои Пулиси Украина дар байни гаравгонон ду кудак ва як вакили маҳалла низ будааст, ки онҳоро дар як таҳхона нигоҳ медоштаанд.   Ҷинояткорон аз ин нафарон 7 ҳазор доллар, санадҳо, сару либос ва телефонҳои мобилиашонро гирифта, дар таҳхона маҳкам кардаанд, то ба пулис хабар надиҳанд.

Ба навиштаи Пулиси Украина яке аз ин тоҷикҳои дар асоратбуда тавониста, ки фирор кунад ва ба пулиси хабар диҳад. Нерӯҳои вижаи пулис се узви ин гурӯҳи ҷиноиро дастгир карда, гаравгонҳоро озод карданд. Асирон гуфтанд, ки онҳоро дар таҳхона азобу озор медоданд, бо корду туфангча таҳдид ва таҳқирашон мекарданд ва онҳо пасмондаҳоро мехӯрданд, то намиранд.

Матбуоти Украина навиштаанд, ки аъзои ин гурӯҳи ҷиноӣ ба интиқоли муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо машғул буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар масири Душанбе–Чаноқ наздики 30 тарма фаромадааст

Дар натиҷаи бориши барфи зиёд ва фаромадани тармаҳои пай дар пай роҳи Душанбе–Чаноқ муваққатан баста шуд.

Тағйироти кадрӣ ва сохторӣ дар ПМТ

Паймони Миллии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе аз тағйироти кадрӣ ва сохторӣ дар дохили ин эътилоф хабар додааст.

Шиканҷагаронро ба ҷавобгарӣ мекашанд?

Додситонии шаҳри Душанбе пас аз марги мармузи Мақсудҷон Саидов, бар зидди ду корманди милисаи пойтахт парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Пулиси Душанбе аз муноқишаи эҳтимолии ноболиғон пешгирӣ кард

Пулиси шаҳри Душанбе аз сар задани муноқишаи эҳтимолии як гурӯҳ ноболиғон пешгирӣ кардааст.