23.9 C
Dushanbe

Сенарияи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон комилан маълум шуд?

Бознашр аз блоги “Рӯзи нав”-и Раҷаби Мирзо

Ин ки Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба президентӣ пешниҳод кард, гӯё барои ин маърака дигар интрига ва муаммоеро боқӣ намонд.

Пас то куҷо гуфтан мумкин аст, ки интихоботи пешорӯи президентии Тоҷикистон аз соли 2013 фарқ дорад, ё ба он монанд аст?

Ҳафт сол пеш, ҳарчанд вазъи умумии иҷтимоӣ аз имрӯз фарқи чандоне надошт, бовуҷуд эҳтимол мерафт, ки се намуди номзадҳо ба сабқат роҳ меёбанд ва раванди ҳодисаҳо аз рӯи он шакл мегиранд:

а) ҳукуматӣ;

б) мухолифини Раҳмон;

в) ғайриинтизор.

Мешавад схемаи он давраро бо 7 сол баъд муқоиса кард ва хулоса намуд, ки аз он замон то маъракаи пешорӯ чӣ тафовуте боқӣ мондааст.

1. “Ҳукуматӣ” –ҳо: Эмомалӣ Раҳмон, Рустами Эмомалӣ, “мухолифони системавӣ”, ё “ҳизбҳои кисагӣ”?

Ба гурӯҳи аввали номзадҳо пеш аз ҳама шахси Эмомалӣ Раҳмон дар назар буд. Гуфта мешуд президенти солҳо боз билоиваз, ҳанӯз “корҳои баитмомнарасонда” дорад ва мехоҳад онҳоро то охир расонад. Бархеҳо инро ба сохтмони ҳамон замон нав ҷиддигирифтаи нерӯгоҳи Роғун рабт медоданд. Баъзеи дигар, пас аз барканории Маҳмадсаид Убайдуллоев аз шаҳрдории Душанбе дар январи соли 2017 ва  ба ин курсӣ таъин намудани Рустами Эмомалӣ, гуфтанд, ки ҳадафи аслӣ ҳамин буд. Ҳарчанд Убайдуллоев то апрели соли 2020 ҳамоно раиси Маҷлиси Миллӣ буд, вале гуфта мешуд, ки ин таъсири ҷараёни дурнамои ҳукуматро кам намекунад. Рустами Эмомалӣ ҳоло ба мақоми расмии “одами дуюм” ҳам расид. Мисле, ки мавзӯи интиқоли қудрат – масъалаи барои элитаи ҳукмрон стратегӣ, ҳалли худро пайдо кард.

Тоҷикистон соли 2013 бо “шарики стратегӣ ва табиӣ” –и худ – Русия низ як масъалаи ҳалношуда дошт, ки пешопеши интихобот ва як сафари Путин ба Душанбе ҳал шуд. Гап сари имзо шудани шартномаи барои Кремл дилхоҳ (30 сол дароз кардани мӯҳлати ҳузури низомиёни рус) мерафт, ки баробари имзо шудани он гуфта мешуд мавзӯи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон дигар ҳалшуда аст.

Имсол Душанбе бо Кремл танҳо як мавзӯи мавриди муҳокима дорад: вуруд шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди АвруОсиё.

Аслан ин масъала аз ҳамон давра боқӣ мондааст, аммо ба назар мерасад, ки соли 2013 барои Маскав ҳалли масъалаи низомиёнаш муҳимтар менамуд. Ин бори аввал ҳам набуд, ки Кремл будубоши нерӯҳояшро дар Тоҷикистон маҳз дар соли интихобот ниҳоӣ мегардонад.

Масъалаи Иттиҳоди АвруоОсиё бошад, солҳо боз “мавриди омӯзиши” Душанбе аст. Воқеан, дар интихоботи парлумонии соли равон ҲСДТ ин мавзӯро асоси барномаи пешазинтихоботӣ қарор доданӣ буд. Дар натиҷа, КМИР ин нерӯи мухолифро ягона ҳизбе эълон кард, ки ба парлумон роҳ наёфт. Шояд ин як навъ посух ба Кремл ҳам буд…

Ҳамчунин пешопеши интихоботи соли 2013 маъракаи рӯнамоии  китоби нав дар бораи Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Наҷотбахши миллат» сурат гирифт, ки бо маблағгузории Ҳасан Асадуллозода аз ҷониби як ширкати аврупоӣ чоп гардида, бо забонҳои англисиву фаронсавӣ навишта шудааст. Ин иқдомро «муаррифии дуруст» -и Раҳмон дар Аврупо» низ номида буданд, ки то ин замон дар борааш матбуоту маҳфилҳои сиёсии ин қора баҳои мусбат намедоданд. Аз сӯи дигар, гуфта мешуд эҳтимол дорад  майли бештари Эмомалӣ Раҳмон дар интихобот акнун ба сӯи Ғарб хоҳад буд…

Аммо масъалаи аввали “ҳоло ҳалнашуда”-и дохилӣ – сохтмони нерӯгоҳи Роғун, бовуҷуди ба гуфтаи мақомот ба кор сар кардани ду агрегаташ пас аз интихоботи президентии соли 2013, намешавад гуфт мушкилот ва норасоии барқи Тоҷикистонро ҳал кард. Хоса имсол, ки пас аз 3 соли барҳам хӯрдани лимит, аллакай мушкили камбуди об пеш омадаву ҳанӯз аз тобистон дар бархе ноҳияҳо нерӯи барқ бо душворӣ дода мешавад. Тахминҳое ҳаст, ки имсол барвақттар дар деҳоту навоҳӣ дубора лимити барқ ҷорӣ кунанд. Аз ҳамин нуқтаи назар, иддаое вуҷуд дорад, ки агар як сабаби бори аввал дар таърихи сиёсии Тоҷикистони мустақил як моҳ пеш овардани интихоботи президентӣ дар имсол, ба мавҷи дуюми COVID -19 рабт бигирад, сабаби дуюмаш ҳамин эҳтимоли лимити пешорӯст. Ҳар ду мушкил метавонад барои интихобкунанда ва раванди интихобот асаргузор бошанд.

Дар ин ҳолат, “номзадҳои ҳукуматӣ” ҳамчунин метавонанд намояндаҳои камтаъсир ва барои интихобкунандаи тоҷик ноошнои аҳзобе бошанд, ки барои коршиносони ҳукуматӣ – “мухолифони системавӣ” -анд, дар доираҳои таҳлилӣ бошад – “ҳизбҳои кисагӣ”, ки ҳеч хатаре наметавонанд ба аҳдофи элитаи ҳукмрон пеш биёранд.

Аз онҳое, ки ҳоло номзад шудаанд, танҳо ду нафар ду ё се маротиба номзад ба президентӣ будаанд. Аз ҳама “соҳибтаҷриба” Абдуҳалим Ғаффоров аст, ки маротибаи сеюм метавонад номзад бошад. Рустам Латифзода ва Рустам Раҳматзода – маротибаи аввал. Сайҷаъфар Усмонзода маротибаи дуюм.

Як нуктаи муҳими бардошт аз анҷуманҳои пешазинтихоботии ин аҳзоб чунин аст, ки онҳо ҳатто ба қадри интихоботи парлумонии соли 2020 ҷуръат надоранд. Ба ҳар сурат, ҳоло танҳо шоҳиди баррасии масоиле аз ҷониби онҳоем, ки бо вуҷуди дар баробари номзади эҳтимолии ҳизби ҳукмрон хеле заиф буданашон, аз эҳтиёткории сахти онҳо гувоҳӣ медиҳад, ки ҳич даъвои ҷиддии сиёсӣ надоранд. Ҳарчанд дар интихоботи парлумонӣ то ҷое баҷуръату ҷиддитар масъалагузорӣ мекарданд.

2. Гурӯҳи дуюм: “номзади ягона”, ихтилоф ва “қассос”?

“Мухолифини Раҳмон” соли 2013 ба андозаи имрӯз заифшуда набуданд. Дар баробари Ҳизби сосиал – демократи Раҳматилло Зойиров ҳамчунин ҲНИТ фаъолият дошту ҳоло як ҳизби мамнӯъ ба ҳисоб намерафт.  “Ҷиноҳи Кенҷаев” –и сотсиалистҳо низ таҳти сарварии Мирҳусейн Назриев мегуфт бо нерӯҳои мухолиф ҳамроҳ аст.

Аҳзоби дигарандеш ҳарчанд он замон аз “иттиҳод” ва “номзади ягона” ҳарф мекушоданд, аммо раванди ҳодисаҳо нишон дод, ки дар ин даъво чандон самимӣ нестанд. Масалан, Раҳматилло Зойиров якумин шуда гуфт, ки гурӯҳи кории ислоҳи қонуни конститутсионӣ «Дар бораи интихоботи Президенти Тоҷикистон» -ро таъсис додааст. Гуфта мешуд, дар заминаи он раиси ҲСДТ Эътилофи аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои иҷтимоиро таъсис доданист, вале каме дертар хабарҳое расид, ки  баъзе аз шариконаш аз ҳамкорӣ бо ӯ даст кашидаанд. Масъалаи асосӣ гӯё ин будааст, ки чаро ин иқдомро “ҳизби заифи” Зойиров роҳандозӣ карданист, на “ҳизби пуртаъсир” –и ҲНИТ.

Дар натиҷа, ҳамон шабу рӯз дар сомонаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ҳоло мамнӯъ набуд,  пурсише таҳти унвони «Пешниҳоди номзадии Р. Зойиров ба мақоми президентӣ холисона аст, ё ғарази доираи хос?» ба табъ расид. Ҳатто аз шеваи саволгузорӣ маълум буд, ки иқдоми «Ҷунбиши Миллӣ» ном як созмони номаълум, ки он вақт раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойировро номзади ягона дар интихоботи президентӣ муаррифӣ кард, малеҳ карда гӯем, ҲНИТ-ро хуш наомад. «Ба ҳайси номзади ягонаи мухолифин матраҳ шудани номи Раҳматилло Зойиров дар ВАО то ҷое афкори мухталиферо ба бор овард ва таҳлилгаронро бештар заминаҳои пешниҳод шудани ин масъала аз ҷониби «Ҷунбиши миллӣ», ки пойгоҳаш номаълум аст, ҷалб сохт. Дар мавриди пешниҳоди ҳар номзаде дар ҷомеъа шакку тардид нест, вале ҳама чиз назокату ҳассосиятҳои худро дорад, бахусус пешниҳоди номзад ва марҳалаи он» навишт сомонаи ҲНИТ он замон.

Бо ҳамин, гуфтан мумкин аст, ки «машқи аввал» -и қаблазинтихоботӣ дар байни нерӯҳои мухолиф ва шахсиятҳои нисбатан шинохтаи онҳо аллакай аз нокорагии худ дарак дод. Ин бори аввал ҳам набуд. Ахиран мавзӯи “номзади ягона”, ки сари Ойниҳол Бобоназарова қарор гирифтанд, боис ба ихтилоф дар байни ҲСДТ ва ҲНИТ гашту ба назар мерасад то имрӯз давом дорад…

Коммунистҳои Тоҷикистон он замон таҳти роҳбарии Шодӣ Шабдолов ва равоншод Исмоил Талбаков якбора ҷуръат пайдо намудаву гуфтанд: дар интихобот бевосита ширкат хоҳем намуд!

Дар ин изҳороти ҲКТ ба наҳвае «таҳдид» ҳам ҷо дошт: эҳтимол мамлакатро коммунистӣ мекунем!

Аммо хабари муҳимтари он рӯзҳо дигар буд: Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода дар як сӯҳбаташ изҳор намуд, ки агар қонуни интихобот тағйир ёбад, шояд дар он иштирок мекунад: ё ба сифати номзад, ё тақвиятбахши номзади дигар!

Ин ҳарфи қозии собиқ буд, ки дар интихоботҳои солҳои 1999 ва 2006 –и президентӣ тариқи матбуот расман номзадии Эмомалӣ Раҳмонро таблиғ мекард ва ҳамеша мегуфт акнун аз майдони сиёсӣ канор рафтааст. Вале соли 2013 Тӯраҷонзода мавқеи худро пас аз сафараш аз Русия эълон кард, бархе аз таҳлилгарон дар он ҷиддият ё ҳушдори хосро дидаанд. Воқеан, қозии собиқ он замон дар маҳфилҳои мухолифин ҳузур пайдо намуд, аммо шояд ихтилофот дар дохили ин нерӯҳо ӯро аз фаъолмандии бештар канор бурд…

Зойиров дар интихоботи президентии соли 2020 мисле, ки танҳо мондааст. Ӯ аввал бо изҳороте баромад намуда, ба моҳи октябр интиқол додани интихоботро “ғайриқонунӣ” хонд. Дар ҳамин ҳол, бояд гуфт аввалин интихоботи президентии умумихалқӣ дар соли 1991 низ бо ҳамин баҳси “октябр – ноябр” шурӯъ шуда буд ва нерӯҳои вақти мухолиф пас аз омадани Велихов ва Собчак (баъдан маълум шуд аввалин сафари Путин ҳам ба Душанбе ҳамон вақт будааст) ахиран интихоботро ба моҳи ноябр бурданд.

21-уми августи имсол бошад, Зойиров дар саҳифаи расмиаш дар Фейсбук навишт, 10 созмони ҲСДТ аз эҳтимоли пешбарии номзадии Рустами Эмомалӣ ба мақоми президентӣ нигаронӣ карда, гуфтаанд, “агар номзадии ӯ пешниҳод шавад, эҳтимол дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ сар занад”. Аммо дар заминаи чӣ сабабу омилҳо, шарҳ надод.

Ӯ дар изҳороташ ҳамчунин навишт, ки “бархе аз аъзои ҳукумат, махсусан насли калонсоли дастгоҳи ҳукуматӣ низ ба номзад шудани Рустами Эмомалӣ норозианд”. Баъдан гуфт, ки ду бахши вилоятӣ, 15 созмони шаҳриву ноҳиявии ҲСДТ гуфтаанд, ки ҳизб набояд дар интихобот иштирок кунад ва 8 созмони дигари ҳизбӣ талаб кардаанд, ки интихобот ғайриқонунӣ ва таҳрим эълон шавад. Дар охир ишора намуд, ки тасмими ниҳоиро “Шӯрои сиёсии ҲСДТ хоҳад гирифт”.

Мешавад хулоса кард, ки танҳоӣ ба Зойиров барои гирифтани мавқеи қатъӣ халал мерасонад. Ё ба ин восита, ки “ягона ҳизби мухолиф интихоботро таҳрим эълон карда, машрӯиятро зери суол мебарад”, аз ҳукумат вобаста ба интихоботи парлумонӣ “қассос” мегирад…

3. Номзади ғайриинтизор

Соли 2013 мегуфтанд дар марказҳои қабули қарори Душанбе чунин гузина ҳам  баррасӣ мешавад, ки барои “ҳолати Х” ҳукумат бояд номзади дигари эҳтимолӣ дошта бошад. Дар ин ҳолат гӯё хавф аз кишварҳои таъсиррасоне буд, ки метавонист ба раванди интихобот таъсир расонад. Фарзияҳое ҷо дошт, ки шояд Маҳмадсаид Убайдуллоев чунин номзад бошад, то дар ҳолати номуайянӣ “эстафета” аз даст наравад. Чунин ҳолат пеш наомад. Аммо пас аз интихобот пайдо шудани мушкилот дар Ҳизби коммунист ва бори аввал дар таърихи парламентаризми Тоҷикистон ҷо наёфтанашон дар Маҷлиси намояндагонро дар даъвати солҳои 2015 – 2020, бархе таҳлилгарон маҳз ба “мавқеъгириҳои нодуруст” дар интихоботи президентӣ  маънидод мекарданд. Чӣ “барномаву ният” будаву чӣ “хато” сурат гирифта, то ҳанӯз шарҳи расмӣ дода нашудааст.

Дар симои номзадҳои ҳоло пешбаришудаи интихоботи соли 2020 чунин “одами нобовар” ҳаст, ё не, ҳоло маълум кардан душвор мебошад.

Аммо варианти дигари “номзади ғайриинтизор” метавонад аз ҷониби Иттифоқи ҷавонон, ҲХДТ ва ҳатто ҲКТ пешбарӣ гардидани Рустами Эмомалӣ бошад. Ба ҳар сурат, масъулини ҳизби ҳоким дар сӯҳбатҳои ахирашон гуфтаанд, ки ҳоло мавзӯи иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар анҷумани пешазинтихоботӣ маълум нест ва ҳоло мушаххас ҳам накардаанд номзадашон кӣ мешавад. Ин шояд як интригаи ҲХДТ бошад барои ҷаззобияти маърака. Ё воқеияте, ки 3 сентябр маълум мешавад…

Дар ин сурат, барои номзадҳои дигар танҳо имкони мубориза барои ҷои дуюм мемонад. Дар интихоботи президентии соли 2006 “ҷои ифтихории дуюм” ба Олимҷон Бобоев аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ насиб гашт, ки ҳамагӣ соле пеш аз интихобот таъсис ёфт. Соли 2013 бошад, КМИР 5.04 фоизи раъйи интихобкунандаро ба раҳматии Исмоил Талбакови коммунист нисбат дод. Бобоев акнун ҳатто дар ҷои сеюм набуд: бо 3.91 фоиз пас аз Бухориев ном номзади аграриҳо меистод, ки дар доираҳои сиёсӣ – таҳлилӣ низ шинохт  надошт, чӣ расад ба интихобкунандаи оддӣ.

Аммо ин “ҷои ифтихорӣ” насиби кӣ мегардад, дар баробари “обрӯ” номаълумиҳо ҳам дорад. Аз мушкилоти ҲКТ гуфтем. Пеш аз интихоботи парлумонии гузашта масъалаи аз раисии ҲИИТ рафтани Олимҷон Бобоев пеш омад.

Пас ҷои дуюмро дар интихоботи пешорӯ кӣ мегирад, маънои дигаре барои дурнамоҳои сиёсии шояд барвақт тарҳрезишуда бошад.

Интизор мешавем…

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуд.

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.

Боздошти боз як тоҷик дар Русия

Дар шаҳри Твери Русия як гумонбари дигар дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Красногорск боздошт шуд.