-0.1 C
Dushanbe

Боздошти шаҳрвандони тоҷик дар Қирғизистон. Инҳо чӣ гуна ва чаро дастгир шуданд?

Маъмуорони амниятии Қирғизистон 34 ҷавони тоҷикро, ки барои ҷамъоварии шираи камол ба онҷо рафта будаанд, барои убури ғайри қонуни боздошт кардаанд. Гуфта мешавад, ки ин ҷавонон сокинони деҳаҳои Бӯстон ва  Ҳуснободи шаҳри Ҳисор будаанд.

Вакили мудофеъи ин ҷавонони боздоштшуда Мэлс Абдураимов рӯзи 28-уми август аз шаҳри Бишкек гуфтааст, боздошти нафарони зери ҳимояташ дар миёнаҳои моҳи июли имсол сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи наздиконашон  ин ҷавонон се моҳ пеш, яъне замоне, ки бо сабаби бемории каронавирус тамоми марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ баста буд, ба онҷо рафтаанд.

Ба иттилои вакили мудофеъ шаҳрвандони Тоҷикистонро маъмурони амниятӣ дастгир карда, феълан дар боздоштгоҳи муваққатии ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд нигоҳ медоранд, бар асоси моддаи 359-и Кодекси Ҷиноии Қирғизистон (убури ғайриқонунии марз) муҳокима мекунанд”.

Абдураимов гуфтааст: “Онҳо худашон наомадаанд. Ҳеч санади расмӣ ҳам надоранд. Дар вақти суҳбат мегӯянд, ҳамин қадар медонанд, ки онҳоро барои кор ба инҷо корфармо фиристодааст, дар суҳбат бо вакили мудофеъ аз корфармо ном набурда, танҳо ишора кардаанд, ки як ширкати номдор дар Тоҷикистон”.

Яке аз волидони боздоштшудаҳо Абдулмуъмин Гулов, сокини шаҳри Ҳисор, рӯзи 29-уми август ба “Радиои Озодӣ” гуфтааст, ду фарзандаш, ки барои ҷамъоварии шираи камол ба Қирғизистон рафта буданд, боздошт шудаанд. “Танҳо тавассути вакили мудофеъ аз ҳоли онҳо огоҳ мешавем. Вакил мегӯяд, ки саломатиашон хуб аст ва шикоят надоранд”,- мегӯяд Абдулмуъмин Гулов.

Раиси ҷамоати Ҳуснободи Ҳисор Бобораҷаб Шералиев, ба “Радиои Озодӣ”  гуфтааст: дар бораи ҷавонони боздоштшуда аз  мақомоти  амниятии Қирғизистон маълумот хоста буданд. “Ба воситаи факс тарҷумаи ҳоли ҳамаи онҳоро фиристодем. Онҳо тайи чанд соли ахир барои ҷамъоварии шираи камол ба Қирғизистон мерафтанду меомаданд, вале имсол боздошт кардаанд.”

То соли 2008 дар Тоҷикистон ҷамъоварӣ ва содироти шираи камол озод буд. Шаҳрвандон озодона дастрасӣ доштанд ва аслан тавассути тоҷирон ба хориҷа содирот мекарданд. Моҳи сентябри соли 2008  ширкати “Фароз” ин тиҷоратро зери дасти худ гирифт ва барои шаҳрвандон ҷамъоваришаро манъ кард ва танҳо дар зери дасти ин ширкат шаҳврандон кор мекунанд.

Танҳо дар Тоҷикистон  ширкати “Фароз” мутааллиқ ба Шамсулло Соҳибов домоди Президенти Тоҷикистон  ва “Мину-фарм” иҷозаи ҷамъоварии шираи камолро доранд.

Як сол қабл рӯзи 29 апрели соли 2019 дар назди дафтари ширкати “Фароз” даҳҳо нафар ҷамъоварони шираи камол, асосан сокинони ноҳияи Данғара,  Ҳисор ва Шаҳринав гирди ҳам омада, бознигарии шароити харидуфурӯши ин растанӣ шуда буданд, ки аз тарафи мақомот боздошт гардиданд. Дар он замон тоҷирон даъво доштанд, ки “Фароз” бо афғонҳо шартнома баста шарномаҳои моро бекор кард, ки пеш аз ин барои ҳар як кило 80 доллар  медоданд, афғонҳо рӯзи кори 15 доллар муайян кардаанд.

Чанд сол қабл Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз Ҳукумат хоста буд, ки  барои ҷамъоварӣ ва коркарди шираи камол барояш иҷозат бидиҳанд, вале соли 2019 ин дархосташ рад шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Режими Раҳмонов фишор болои дигарандешонро сахттар кардааст

Дидбони Ҳуқуқи Башар (HRW) аз идомаи саркӯби озодии баён ва боздошти фаъолону мухолифин, рӯзноманигорон ва ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард.

Ҳаво сард мешавад! Ҳушдори КҲФ ба сокинони кишвар

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, аз 17-ум то 20-ум январ дар кишвар ҳавои сард, боридани барфу борон пешбинӣ мешавад.

Ҳиндустон густариши фарҳангии худро дар Тоҷикистон бештар мекунад

Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Раҷеш Уйке бо вазири фарҳанги Тоҷикистон, Сатториён Матлубахон Аминзода мулоқот анҷом дод.

Имзои санадҳои муҳим байни Тоҷикистону Эрон

Президентҳои Тоҷикистону Эрон Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён чандин санади ҳамкориро ба имзо расондаанд.