17 C
Dushanbe

Чаро аз сиёсати пешгирифтаи Раҳмон норозиед? Бояд ки розӣ бошед!

Бознашр аз саҳифаи фейсбукии Масрур Манофзода:

Masrour Manafzadeh: Оё норозӣ будан “аз сиёсатҳои пешгирифтаи пешвои миллат” ҷурм аст?

Соли гузашта вақте баъди боздошт маро ба бинои пулиси шаҳри Исфара оварданд, як корманди пулис, кӣ будани маро фаҳмида, бо оҳанги таҳдид пурсид:

– Ту аз сиёсатҳои пешгирифтаи ҳукумати ҷумҳурӣ ва президенти кишвар норозиӣ?
Гуфтам, бале. Ъасабонӣ шуд, пӯзханде заду дубора пурсид:
– Норозиӣ? Чиро?

Гуфтам:

– Ҳаққи ман аст, ки норозӣ бошам. Норозӣ будан ҷиноят нест.
Азбаски куҷои шитоб дошт, ба нигаҳбоне, ки нозири ҳоли ман буд, фармуд, ки маро дубора ба утоқи нигоҳдорӣ ҷо кунад. Ва бо лаҳни таҳдид ғазаболуда ба ман гуфт:
– Ҳоло бирав, ҳамин ки баргаштам идома медиҳам. Ман бароят нишон хоҳам дод, ки норозӣ будан яъне чӣ?

Нигаҳбонон аз ин рафтори ман ҳам ба ҳайрат омадаву ҳам афсӯс мехӯрданд. Бароям хабар доданд, ки ун корманди пулис сармуфаттиши пулиси Исфара аст ва оқибати ин сарбасарии ман бо ӯ бароям сахт хоҳад буд.
Ҳамон рӯз ба суроғи ман аз мақомоти амният омада, парвандаи маро зери назорати худ гирифтанд ва мақомоти пулисро аз ҳар гуна бозпурсии ман манъ карданд. Агарчи ман чанд рӯзи дигар дар боздоштгоҳи пулис ба сар бурдам, аз он муфаттиш хабаре набуд.

Ҳини бозпурсӣ дар мақомоти амният яке аз пурсишҳои онҳо аз ман ба чунин тарз буд:
– Оё шумо аз сиёсатҳои Президенти кишвар ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон норозӣ ҳастед?..

Ҳамин тобистон аз Бохтар ба Душанбе бармегаштем. Роҳи миёни ин ду шаҳр бозсозӣ мешуд. Аслан имкони суръат додани ҳаракати мошин набуд. Аз як тараф роҳи ноҳамвору танг, аз тарафи дигар ғубори тираи роҳ монеъ мешуд. Пулиси роҳ мошини моро боздошта, иддао кард, ки суръати ҳаракати мошини мо ҳадди муҷозро убур кардааст. Ронандаи моро аз ин ҳарфи пулис ъаҷабаш омаду гуфт:
– Оё ту бовар дорӣ, ки дар ин роҳ бо ин мошине, ки ман дорам, босуръат ҳаракат кардан мешавад? Машаққати роҳи ноҳамвор басанда набуд, ки боз дар ин ҷойи номуносиб моро аз ҳаракат бозмедорӣ? Чиро аз ширкати роҳсоз талаб намекунед, ки дастикам барои фурӯ нишонидани ғубори роҳ коре кунад? Чиро фақат ронандаҳо гунаҳкор?

Пулисро виҷдонаш бедор шуд магар, ки лаҳни гуфтораш дигар гашт. Ронандаи мо ҳам аз вазъи роҳу масъулиятношиносии ширкати роҳсоз шикояташро ба пулиси роҳ идома доданӣ буд, ки ҳанӯз дар оғози матлабаш пулис пурсид:
– Ака, ман нафаҳмидам ту аз сиёсати давлат норозиӣ?..
Оё қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон норозӣ будан аз сиёсатҳои ҳукумат ва президентро ҷурм медонад?

Танҳо нуктае, ки дар ин маврид мусаллам аст, ин аст, ки Қонуни кайфарии ҶТ (Кодекси ҷиноятӣ) дар моддаи 137 “таҳқири оммавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё тӯҳмат ба ӯ”-ро ҷурм дониста, барои ин амал аз ҷарима то панҷ соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ кардааст. Дигар ҳеч.

Ҳеч як қонуни ҶТ ҳатто ишораеро ҳам надорад, ки норозӣ будан ва баёни норозигӣ дар мавриди сиёсатҳои ҳукумат ё президент манъ аст, гуноҳ ё ҷурм ҳисобида мешавад.
Баръакс, Қонуни Асосии ҶТ сароҳатан эълон мекунад, ки
– Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст. (банди 3, моддаи 30)
– Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад (банди 1, моддаи 30)
– Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок кунад (сархати 1, моддаи 27).

Масалан, бар пояи назарсанҷиҳои декабри соли 2019 сиёсати Тромпро беш аз 52 дар сади омрикоиҳо қабул надоштанд. Қариб 63 дар сади омрикоиҳо аз сиёсати ҳукуматашон дар мавриди мубориза ба Covid-19 норозиянд. Дар ҳоле, ки ҳазинаи Омрико барои кам кардани таъсири кувид ба ҳаёти шаҳрвандон бесобиқа буд… Дар баёни таҳқири оммавии раисҷумҳури Омрико, танзу масхара ва тавҳин бар шахсиятҳои онҳо, туҳматҳои бепоя бар онон нагуфтан беҳтар аст. Зеро қонунгузории Омрико, баръакси қонунҳои ҶТ чунин амалҳоро ҷурм намедонад.

Пас мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар асоси кадом қонун ё бар пояи кадом ҳуқуқ ва ё ба кадом хотир ҳамора розӣ ё норозӣ будани шаҳрвандони кишварро аз сиёсатҳои ҳукумат ва президент тадқиқу тафтиш мекунанд?

Масалан, дини Ислом норозӣ будан аз Худоро ҷурм медонад. Зеро бар пояи боварҳои исломӣ худо соҳибу молики мутлақи ҳама чиз аст ва азбаски камолаш ҳам камоли мутлақ аст, ҳеч кӯтоҳие аз ӯ сар намезанад. Ин дар ҳолест, ки аз рафтору аъмоли паёмбари Ислом норозӣ будан ҷурм нест ва борҳо шудааст, ки ёрони паёмбар норизояити худро бар ӯ иброз дошта бошанд.

Ҳоло ҳукумати ҶТ ё раисҷумҳури кишвар оё соҳибу молики мутлақи шаҳрвандон ҳастанд? Оё инҳо камоли мутлақ доранд, ки нашавад аз кору рафторашон танқид кард?

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошту латтукӯби сахти муҳоҷирон аз сӯи ОМОН-и Русия

Рӯзи 2-юми октябр дар шаҳри Новосибрски Русия нерӯҳои вежа ё ОМОН бо хушунат вориди анбори ширкати ''ОЗОН'' шуда, муҳоҷирони кориро боздошт ва латтукӯб карданд.

Лубнон: Як рӯз пеш аз террори Ҳ.Насруллоҳ ба оташбас мувофиқат шуда буд

Вазири корҳои хориҷии Лубнон ҷузъиёти тозаеро аз ҳодисаи террори Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ" фош кард.

Боздошти як тоҷикистонӣ дар Афғонистон бо иттиҳоми узвият дар ДИИШ

Мақомоти Толибони Афғонистон аз боздошти 3 узви ДИИШ хабар доданд, ки яке аз онҳо шаҳрвнади Тоҷикистон гуфта мешавад.

Боздошти як муҳоҷири 45-солаи тоҷик дар Варшава

Пулиси шаҳри Варшаваи Лаҳистон ду мардеро бо иттиҳоми тирандозӣ дар бозори "Олимпия" боздошт кардаанд.