Дар Узбекистон ба маҳбусон иҷоза дода мешавад, ки аз хадамоти давлатӣ тавассути Интернет истифода кунанд. Дар ин бора
Дар лоиҳае, ки Вазорати корҳои дохилии Узбекистон ба муҳокимаи умум пешниҳод кардааст, гуфта мешавад, ки маъмурияти зиндонҳо барои истифодаи хадамоти электронии давлатӣ ва хадамоти нотариалӣ барои маҳбусон дар муассисаҳои ислоҳӣ ҳуҷраҳои алоҳида ҷудо мекунад. Инчунин ин ҳуҷраҳо бо веб-камера ва таҷҳизоти компютерӣ, ки ба шабакаи ҷаҳонии Интернет пайваст шудааст, муҷаҳҳаз хоҳанд шуд. Бино ба иттилои сомонаи kun.uz ин лоиҳа бо Прокуратураи генералӣ, Вазорати тандурустӣ, Вазорати меҳнат ва Суди Олии Ҷумҳурии Узбекистон мувофиқа шуда, тамоми хароҷоти марбут ба татбиқи он аз ҳисоби Фонди мутамаркази Раёсати иҷрои ҷазои назди Вазорати корҳои дохилии Узбекистон пардохт мешавад.