Ҳушдори Русия ба дипломатҳо: Фавран Киевро тарк кунед!

Русия ба дипломатҳои хориҷӣ дар шаҳри Киев, пойтахти Украина ҳушдори расмӣ дода, ки барои ҳифзи саломатияшон пеш аз ҳамлаи эҳтимолӣ ин шаҳрро тарк кунанд.

Тавре сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова имрӯз эълон кард, Маскав ба ҳамаи намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар Киев ҳушдори расмӣ ирсол карда, онҳоро аз ҳамлаи эҳтимолии кишвараш хабардор кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин паёмҳои ҳушдорӣ гуфта мешавад, ки дар сурати ҳамлаи эҳтимолии Украина дар рӯзи Ҷашни Ғалаба, ки рӯзи 9-уми май баргузор мешавад, Русия ҳамлаи ҷавобии густурда ба пойтахти Украина хоҳад дошт, ки ин метавонад амнияти кормандони хориҷиро зери хатар қарор диҳад ва онҳо бояд фавран Киевро тарк кунанд.

Ин изҳорот дар ҳоле нашр мешавад, ки пештар Вазорати дифои Русия аз эҳтимоли ҳамлаҳои ҷавобӣ ба Киев ҳушдор дода буд ва дар бораи чораҳои сахт дар ҳолати ҳамла ба Маскав дар ҷараёни таҷлили Рӯзи Ғалаба сухан гуфта буд. Ҳамчунин, Русия барои рӯзҳои 8 ва 9-уми май оташбаси муваққатӣ эълон кардааст, ки онро Украина то ҳол ба таври расмӣ напазируфтааст.

Президенти Украина Владимир Зеленский ин пешниҳоди оташбасро якҷониба ва номуносиб хонда, гуфтааст, ки Киев ягон пешниҳоди расмии воқеии сулҳ дарёфт накардааст.

Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки оё кишварҳои хориҷӣ воқеан намояндагони сафоратхонаҳои худро аз Киев берун мекунанд ё на. Вазъият миёни ду кишвар ҳамчунон шадид боқӣ мемонад ва нигарониҳо аз эҳтимоли шиддат гирифтани даргириҳо афзоиш ёфтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.