25.9 C
Dushanbe

Усмонзода: Ҳикматиёр барои мо як “Мурғ” аст

Саидҷаъфар Усмонзода раиси ҲДТ Гулбиддин Ҳикматёр, яке аз собиқ фармондеҳони паштузабони Афғонистонро ба “Рӯбоҳи ланг”-у “Мурғ” ташбеҳ кард.

Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон дар мусоҳиба бо расонаи “Афғонистонинтернешнл” вобаста ба таҳдидҳои ахири Гулбиддин Ҳикматёр, ки аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, нагузоранд кишвар ба як Украина ва Афғонистони дигар мубаддал шавад, гуфт:

“Гулбиддини Ҳикматёр соли 1992 дар Тоҷикистон ҳамчун як рӯбоҳи ланги тирхӯрда омад, бо супориши президенти мо ӯро сиҳат кардем, дору кардем пои ҳамин рӯбоҳи лангро. Имрӯз боз мехоҳад, ки ба мо таҳдид кунад? Ӯ барои мо сифр аст, як мурғ аст, ҳичиз аст. Мо таҳдиди Гулбиддинро ҳамчун таҳдиди як рӯбаҳ медонем. Умуман барои мо ягон хатар надорад.”

Усмонзода ҳамчунин гуфт, мақсад аз гурӯҳҳои террористие, ки вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон дар конфронси Душанбе гуфт, ки Толибон ба 3 ҳазор террористон шиноснома додаанд, манзураш ДИИШ гурӯҳи Ансоруллоҳ ва худи Толибон аст.

Ӯ Толибонро ба он муттаҳам кард, ки ба гурӯҳҳои террористӣ паноҳ додааст ва онҳоро ҳамаҷониба ҳимоят мекунад.

Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон иддао кард, ки мо аз Толибон наметарсем ва мо ҳам мисли онҳо то 100 ҳазор муҷоҳид дорем. Ӯ афзуд: “мо агар хоҳем, ки ба Афғонистон дахолат кунем, метавонем Толибонро дар муддати 1 моҳ аз Афғонистон нест мекунем.

Ӯ дар бораи ҷамъияте гуфт, ки бо номи “Шикорчиён” маъруф аст ва ба иддаои ӯ ин ҷамъият аз 350 ҳазор нафар иборат буда ва зиёда аз 200 ҳазори онҳо “снайпер”-и то 5-10 километрро мезадагӣ доранд. “Онҳо аз дурӣ оҳуро мезананд, “о шиками ғафси Гулбиддинро зада наметавонанд ё пешонии паҳни ӯро тираш намерасад?”, – мегӯяд ӯ.

Усмонзода ҳамчунин кишвари Афғонистонро як давлатӣ террористӣ ва экстремистии навпайдо дар харитаи дунё номид, ба тамоми давлатҳо хатар дорад.

Изҳороти тунди раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон пайваста аз хатари Толибон мегӯянд ва размоишҳое бо ҳузури нерӯҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар марз бо Афғонистон мегузаронанд.

Инчунин аз сӯи дигар Толибон аз роҳҳои ғайрирасмӣ низ борҳо Тоҷикистонро аз мавқеи тунди гирифтааш нисбати Толибон ва ҳимоят аз мухолифони онҳо таҳдид мекунад ва аз оғози даргирӣ ва ҷанге байни Афғонистон ва Тоҷикистон ҳушдор медиҳад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дархости мухлисони футбол аз “Барқи тоҷик”

Сокинони шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон аз ширкати "Барқи тоҷик" талаб доранд, ки имшаб барои тамошои футболи дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ва “Ан-Наср”- и Арабистони Саудӣ, барқро қатъ накунанд.

Чанд шаҳру ноҳия дар рӯзи аввал нақшаи даъватро иҷро карданд

Мақомоти ВМКБ, баъзе ноҳияҳои вилояи Хатлон ва вилояти Суғд хабар доданд, ки нақшаи даъватро дар як рӯз пурра иҷро кардаанд.

Баъди бо тухм задани Раҳмон, намоянданони ҳукумат дар нишасти САҲА ширкат мекунанд?

Нишастҳои навбатии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар мавриди санҷиш ва баҳодиҳии ҳуқуқи инсон дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон аз имрӯз, 2-уми октябри соли 2023 шуруъ мешавад.

Дар Тоҷикистон боздошти пайвандони мухолифон идома дорад

Бо гузашти се рӯз аз тазоҳурот ва бо тухм...