21.9 C
Dushanbe

Ҷузъиёти тоза дар бораи ҳодисаи дастгоҳҳои паёмрасони “Ҳизбуллоҳ”

Гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ” мегӯяд, Исроил то кунун 5 ҳазор дастгоҳи паёмрасони “Пейҷер”-ро, ки аъзои ин гурӯҳ истифода мекарданд, тарконидааст.

Ба иттилои расонаҳо, дар пайи ин ҳодиса шумори кушташудагон ба 12 нафар расида, ки ду нафарашон кӯдакони ноболиғи 8 ва 11-сола ҳастанд. Ва ҳамчунин наздики 2800 нафар захмӣ гашта, дар бемористон бистарӣ шудаанд.

То ҳол мақомоти Исроил масъулияти таркондани ин дастгоҳҳоро расман бар уҳда нагирифтааст. Аммо “Ҳизбуллоҳ” дар лаҳзаҳои аввали инфиҷори ин дастгоҳҳо Исроилро масъули ин ҳодиса дониста буд.

Дар ҳамин ҳол бархе расонаҳи амрикоӣ хабар додаанд, ки пеш аз оне, ки ин паёмрасонҳо ба дасти “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон бирасанд, дар дохилашон маводҳои таркандаи сабук бо вазни 40-60 грамм ҷогузорӣ шудааст.

Гуфта мешавад, ин паёмрасонҳо аз ширкати “Gold Apollo”, ки дар мақарраш дар кишвари Тайван аст, сохта шуда ва ин ҳизб чанд моҳи қабл 3 ҳазор дона аз ин ширкат супориш дода буд.

Аммо рӯзи 18-уми сентябр молики ин ширкат Хсу Чинг-Куанг дар суҳбат ба расонаҳо гуфт, ки дастгоҳҳои паёмрасоние, ки ба дасти “Ҳизбуллоҳ” расидаанд, маҳсули як ширкати аврупоист, ки 3 сол боз барои фурӯши маҳсулоти ширкати “Gold Apollo” дар Аврупо фаъолият мекунад.

Аммо молики “Gold Apollo” аз ин ширкати аврупоӣ, ки масъули дарёфт ва тақсими маҳсулоти ширкати мазкур дар Аврупо аст, номе набурд.

Гуфта мешавад, ҳодисаи таркидани ин дастгоҳҳои паёмрасони хурд ҳамчунин дар байни дигар ҳампаймонони “Ҳизбуллоҳ” дар кишварҳои Сурия ва Ироқ низ сурат гирифтааст, аммо омори дақиқе аз шумори осебдидагон нашр нашудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.