15.9 C
Dushanbe

Узви дастгиршудаи “Гурӯҳи 24”-ро ба Тоҷикистон истирдод карданд

Акс аз саҳифаи фейсбуки Шобуддин Бадалов

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар сомонаи худ хабар дод, ки як узваш Шобуддин Бадаловро, ки рӯзи 1 сентябр дар шаҳри Нижний Новгороди Русия дастгир шуда буд, ба Тоҷикистон истирдод шуда, аллакай дар дасти мақомоти ин кишвар аст.

Тибқи изҳороти расмии “Гурӯҳи 24” Шобуддин Бадалов аз ҷониби шахсони номаълум, ки худро кормандони пулис муаррифӣ кардаанд, дастгир шуда худи бегоҳи ҳамон рӯз ба Тоҷикистон бурда шудааст.

“Гурӯҳи 24” дар изҳороташ инчунин навишта, ки бо қарори мақомоти Нижний Новгород соли 2019 ба Шобуддин Бадалов то 30 августи соли 2020 ҳақи паноҳандагӣ дар қаламрави Русияро дода шуда буд. Аммо баъд аз итмоми паноҳандагӣ мақомот онро тамдид накард ва худи ӯро дар ин бора рӯзи 28 июл хабар кардаанд. Шобудин Бадалов рӯзи 28 август аз ин қарор ба додгоҳи ноҳияи Сормово шикоят бурд, вале шикояташ ҳанӯз ҳам баррасӣ нашуда аст.

Вале то ҳол дар бораи дастгир шудани ин узви фаъоли “Гурӯҳи 24” на ҷониби Русия ва на Ҷониби Тоҷикистон шарҳи расмие нашр нашудааст.

Пештар Шобуддин Бадалов бо Раҳматҷони Муҳаммад фаъоли дигари ин гурӯҳ баъд аз иштирок дар пикети эътирозӣ дар майдони Сурхи шаҳри Маскав боздошт шуда буданд. Онҳо бар зидди иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили 75-солагии Иди ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ эътироз карда буданд. Додгоҳи Маскав ин фаъолони  “Гурӯҳи 24”-ро  ба 15 рӯзи ҳабс ва пардохти ҷарима дар ҳаҷми 15 ҳазор рубл маҳкум карда буд. Аммо пас аз адои ҳукм ва ба озодӣ баромадан худи ҳамон лаҳза дар назди дари маҳкама дигарбора онҳоро боздошт карданд ва боз ба 15 рӯзи дигар маҳкум шуданд.

“Гурӯҳи 24” соли 2012 дар Маскав аз ҷониби марҳум Умаралӣ Кувватов, ки 5-уми марти соли 2015 дар Истамбул кушта шуд, таъсис ёфтааст. Ин ҳаракати сиёсиро соли 2014 Додгоҳи олии Тоҷикистон бо як қарор мамнуъ ва экстремистӣ эълон кард. Раҳбарони “Гурӯҳи 24” ҳамагуна иттиҳомот алайҳашонро рад мекунанд ва қарори Додгоҳи олиро ғайриқонунӣ медонанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошту латтукӯби сахти муҳоҷирон аз сӯи ОМОН-и Русия

Рӯзи 2-юми октябр дар шаҳри Новосибрски Русия нерӯҳои вежа ё ОМОН бо хушунат вориди анбори ширкати ''ОЗОН'' шуда, муҳоҷирони кориро боздошт ва латтукӯб карданд.

Лубнон: Як рӯз пеш аз террори Ҳ.Насруллоҳ ба оташбас мувофиқат шуда буд

Вазири корҳои хориҷии Лубнон ҷузъиёти тозаеро аз ҳодисаи террори Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ" фош кард.

Боздошти як тоҷикистонӣ дар Афғонистон бо иттиҳоми узвият дар ДИИШ

Мақомоти Толибони Афғонистон аз боздошти 3 узви ДИИШ хабар доданд, ки яке аз онҳо шаҳрвнади Тоҷикистон гуфта мешавад.

Боздошти як муҳоҷири 45-солаи тоҷик дар Варшава

Пулиси шаҳри Варшаваи Лаҳистон ду мардеро бо иттиҳоми тирандозӣ дар бозори "Олимпия" боздошт кардаанд.