Муҳоҷират

Ваъдаи кор барои муҳоҷирони тоҷик дар Мариуполи Украина

Гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия кору зиндагӣ мекарданд, бо ваъдаи маоши зиёд ба шаҳри бандарии Мариуполи Украина бурда шуда, вале бо гузашти моҳҳо нисфи маоши ваъдакардашударо нагирифтаанд.

Тавре Радиои Озодӣ дар як гузориши худ хабар дод, ширкатҳои кортаъминкунанда дар Русия чанд моҳи пеш бо ваъдаи 120 ҳазор рубли русӣ дар як моҳ барои кор дар биноҳои вайрона шуморе аз шаҳрвнадони Тоҷикистонро ба шаҳри бандарии Мариуполи Украина, ки аз ҷониби Русия ғасб шудааст, бурданд.

Муҳоҷирон дар наворҳои фиристодаи худ шикоят мекунанд, ки корфармоён дар аввал 120 ҳазор рубл бо таъмини ҷои хобу се вақт хӯрок дар як моҳ ваъда карданд, аммо бо гузашти 2-3 моҳ то ҳол аз маош хабаре нест. Онҳо бо нигаронӣ мегӯянд, бар иловаи надодани маблағ боз маошҳоро аз 120 ҳазор рубли ваъдакардаашон ба 60 ҳазор поин карданд.

Дар ҳамин ҳол, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон Каримҷон Ёров дар суҳбат ба Радиои Озодӣ сафари муҳоҷирони тоҷик ба ин минтақаи ҷангиро ғайриқонунӣ дониста, мегӯяд: "Мувофиқи қонунҳои байналмилалӣ онҳо дар ҷое қарор доранд, ки бе иҷозаи Украина ҳаққи вуруд ба онро надоранд. Ин замин, замини Украина дониста мешавад ва бе иҷозаи ин кишвар вориди он шудан ҷавобгарӣ дорад. Агар онҳо дар онҷо асир гирифта шаванд, тибқи қонунҳои Украина ва байналмилалӣ ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Онҳо мисли сарбозон асир ҳисоб намешаванд."

Аммо то ҳол сафорати Тоҷикистон дар бораи сафари шаҳрвнадони Тоҷикистон ба ин минтақаи ҷангӣ изҳороте надодааст.

Ёдовар мешавем, ки Русия дар моҳҳои марти соли ҷорӣ бо ҳамлаҳои шадид ин шаҳри бандарии Украинаро бомборон кард ва пас аз чанде онро ба ишғоли худ даровард. Киев иддао дорад, ҳар ваҷаб замини Украинаро, ки Русия ишғол кардааст, онро пас мегардонад.

Хонандагони азиз, лутфан, ҳар хабару гузоришеро, ки мушоҳида мекунед ва ё пешниҳоду суоле доред, метавонед онро ба мо, тариқи почтаи электронӣ, Telegram, WhatsApp, Viber ва Imo ба ин рақам:

Матолиби дигари Муҳоҷират

Тоҷикистон

Тазоҳуроти мухолифони Тоҷик дар Олмон

Вокуниши Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Россия

Ба як фаъоли тоҷик дар Лаҳистон паноҳандагӣ надоданд

Муҳоҷират

Афзоиши "шикори" тоҷикбачаҳо дар Русия