Вакилони қирғиз якрӯза маоши худро барои мардуми Фаластин мефиристанд

Вакилони порлумони Қирғизистон (Жогорку Кенеш) маоши якрӯзаи худро “ҳамчун ёрии моддӣ ба мардуми Фаластин, ки дар рафти тезу тунд шудани ҷанги Фаластину Исроил зарар дидаанд”, мефиристанд.

Гуфта мешавад, ин қарори “Жогорку Кенеш” рӯзи 19-уми октябр қабул шуда, ба тарафдории он аз 76 вакиле, ки ширкат доштаанд, 47 нафарашон овоз доданд.

Инчунин дар ин ҷаласа бархе аз вакилон пешниҳод карданд, ки ба Навори Ғазза кумаки башардӯстона фиристанд ва Вазорати корҳои хориҷаи ин кишвар барои ҷамъоварии кумакпулӣ аз мардум суратҳисоб кушояд.

“Ман ба Вазорати корҳои хориҷӣ пешниҳод мекунам, ки суратҳисоб кушода шавад. Бархе аз номи мардуми Қирғизистон ба фаластинии осебдида кумаки молӣ расондан мехоҳанд, аммо намедонанд ин корро чӣ гуна анҷом диҳанд. Хуб мешавад, ки тавассути Вазорати корҳои хориҷӣ интиқол диҳанд“, – гуфтааст Ҷалолиддин Нурбоев.

Ин гуфтаҳои Нурбоевро дигар вакилон низ дастгирӣ карда, ба вазъи бади сокинони Ғазза ишора кардаанд ва хостаанд то ҳукумати Қирғизистон дар қазияи мазкур мавқеи худро низ равшан кунад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 21-уми октябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон беш аз сад нафар ба ҳимоят аз сокинони Ғазза тазоҳурот баргузор карданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон 100 миллион доллар аз САСР қарз гирифт

Тоҷикистон бахши аввали қарзи 200-миллиондолларии Сандуқи авруосиёии суботу рушд (САСР)-ро дарёфт кард.

Миллионҳо рубл маоши муҳоҷирони тоҷикро баргардонданд

Дар даҳ моҳи соли 2026 ба муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия беш аз 32,5 миллион рубл (ҳудуди 405 ҳазор доллар) маоши пардохтнашуда баргардонида шудааст.

Баъди хабарҳо дар бораи эҳтимоли ихроҷ аз Гурҷистон, М. Тағоев аз вазъаш хабар дод

Муҳаммад Тағоев, блогер ва мунтақиди ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, дар суҳбат бо "Паём ТВ" вазъи худро пас аз хабарҳо дар бораи эҳтимоли ихроҷаш аз Гурҷистон шарҳ дод.

Такер Карлсон: Натанёҳу Трампро барои ҳамлаи ҳастаӣ ба Эрон фишор меорад

Такер Карлсон, рӯзноманигори маъруфи амрикоӣ, ҳушдор додааст, ки эҳтимол дорад Амрико дар рӯзҳои наздик ба Эрон ҳамлаи ҳастаӣ анҷом диҳад.