9.9 C
Dushanbe

Вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия беҳтар мешавад?

Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия дар пасманзари ҳодисаи хунин дар “Крокус” ба Тоҷикистон омад.

Дар доираи ин сафараш Колоколтсев дар маросими ифтитоҳи филиали Муассисаи федералии воҳиди давлатии “Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид”-и Вазорати корҳои дохилии Русия дар Тоҷикистон иштирок кардааст.

Дар сомонаи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ҳадаф аз таъсиси ин филиал “анҷом додани як қатор чорабиниҳои омодагӣ, аз ҷумла санҷиши пеш аз сафар дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, имкони бақайдгирии изи ангушти шаҳрвандон ва санҷиши манъи вуруди онҳо ба ҳудуди Федератсияи Русия” гуфта шудааст.

Инчунин 28-уми майи соли ҷорӣ вазири рус бо ҳамтои тоҷикаш Рамазон Раҳимзода мулоқот карда, “пешгирии шомилшавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, такмил додани ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират, ҳалли мушкилот, вазъи ҳуқуқӣ, беҳтар намудани шароити будубош ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия”-ро баррасӣ кардаанд.

Як рӯз пеш аз ин Колоколтсев бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон мулоқот карда буд.

Бино ба иттилои сомонаи Президенти кишвар, ҷонибҳо аз “ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои муҳоҷирати корӣ ва амният” гуфтугӯ карда, Раҳмон таъкид кардааст, ки барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия “чораҳои зарурӣ” андешида шавад.

Бояд гуфт, ки пас аз ҳодисаи ҳамла ба “Крокус” ва боздошти 12 зодаи Тоҷикистон, вазъи нохуби муҳоҷирони тоҷик дар Русия бадтар шудааст.

Пештар аз низ мақомдорони тоҷику рус борҳо вазъи муҳоҷирони тоҷикро дар Русия баррасӣ карда буданд, аммо вазъ тағйир наёфт. Аз ҷумла, Раҳмонов зимни сафари охираш ба Маскав дар суҳбат бо Путин аз муҳоҷирони кории тоҷик ёдовар шуда, танҳо гуфта буд, ки “ин мавзуъ барои мо ҳассос ва яке аз масъалаҳои асосӣ аст”.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мухолифон Имомуғлуро рақиқби Эрдуғон эълон карданд

Ҳизби халқии ҷумҳурӣ дар Туркия Акрам Имомоғлу, шаҳрдори Истанбулро, ки аз вазифа барканор ва ба зиндон мунтақил шудааст, расман барои интихоботи президентии соли 2028 номзад пешбарӣ кард.

Боздошти муҳоҷирони тоҷик пас аз сафари Раҳмон ба Русия

Мақомоти Русия беш аз 50 муҳоҷири тоҷикро пас аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар боздошт кардаанд.

Музокироти навбатии Амрико ва Русия

Давраи дуюми музокироти Русияву Амрико 24-уми март дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ пушти дарҳои баста оғоз шуд.

Авфи садҳо зиндонӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон фармони авфи 897 зиндониро содир кард.