26.9 C
Dushanbe

Вазир ба доди мардум мерасад?

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳури Тоҷикистон, вазири ин ниҳод Ҷамолиддин Абдуллозода рӯзи 6 ноябр аз рафти кори Таваллудхонаи №2 ва бахши таваллудхонаи Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” дидан намуда, аз таомул ва бархӯрди ғайрикасбии баъзе кормандони таваллудхонаҳо изҳори нигаронӣ намудааст.

Сомонаи Вазорати тандурустӣ менависад, ки вазир ҳангоми вохӯрӣ бо роҳбарони беморхонаҳо ва кормандон, аз он нигаронӣ намудааст, ки рафтори ғайрикасбии бархе кормандони таваллудхонаҳо боиси он мешавад, ки назари мардум ба кормандони соҳаи тандурустӣ, ки шабонарӯзӣ барои ҳифзи саломатии мардум хизмат мекунанд, то андозае дигаргун гардад.

Инчунин Абдуллозода афзуда, ки оиди муоширати дағалона ва рафтори нохуби баъзе кормандони таваллудхонаҳо ба унвонии Вазорати тандурустӣ арзу шикоятҳои зиёд ворид мешавад ва инчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ мардум аз фаъолияти кормандони онҳо зиёд интиқод мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш рӯзноманигори тоҷик Далери Имомлӣ дар саҳифаи фейсбукаш аз фаъолияти кормандони таваллудхонаи “Истиқлол” ва пулситонии ин ниҳод интиқод намуда буд. Ӯ навишта буд, ки оиди мушкилоти ҷойдошта дар таваллудхонаҳо ба раҳбарияти Вазорати тандурустӣ шикоят намудааст. Ва онҳо ваъда кардаанд, ки баҳри рафъи мушкилот чора меандешанд. Ӯ дар таърихи 28 октябр навишта буд:

“Дирӯзу имрӯз мо бо масъулин аз МТ “Истиқлол” ва Вазорати тандурустӣ суҳбатҳое доштем. Ҳаммаи далел ва ҳолатҳои пешоруяшон мондаро мепазиранд ва пайи ислоҳаш ваъдаҳо доданд, ки то метавонанд якҷоя барои решакан кардани порахурӣ мубориза барем. То куҷо даст боло мешавем номаълум? Интизор мешавем то вазият беҳтар шавад.”

Ҳамзамон як  манбаъ аз табибони соҳибтаҷриба ба шарти бурда нашудани номаш ба “Аздо тв” гуфт:

“Ман ҳеҷ умеде надорам, ки баъди суҳбати Абдуллозода вазъ дигар гардад. Оё он маоше, ки давлат барои табибон муайян кардааст, ба зиндагиашон кофӣ аст? Ҳоло ин як тарафи масъала аст ва ҳамарӯза аз ҳар мақомот ба санҷишҳои пайдарпай омадан, масъалаи дигар аст. Албата, вақте намояндае аз Вазорати тандурустӣ, ё Прокуратура ва ё ҳар ниҳоди дигаре меоянд, ҳатман аз табибон пул ҷамъ мекунанд, ҳатто барои ободии гирду атрофи биноҳо табибон пул медиҳанд, он моҳонае, ки давлат медиҳад, ба гусели намояндагони тафтишотӣ намерасад, пас табибон аз куҷо пул гиранд? Албатта, аз халқ мегиранд, бояд аввал санҷишҳои пайдарпайро барҳам дод табибонро ба ҳоли худашон гузоранд, вазъият ба кулли тайғир меёбад”.

Ҳамчунин манбаи мо дар идома иброз дошт, ки дар Вазорати тандурстӣ ба ҳар як директори беморхона ё сартабиб маблағи муайян муқарар карда шудааст, ки онҳо низ аз ҳисоби табибон ва ҳатто аз фаррошон ҷамъоварӣ мекунанд, пас, табибону фаррошон аз мардум нагиранд, аз кӣ мегиранд ва чӣ тавр зиндагӣ мекунанд?

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.