Вазири маориф ба қазияи латукӯби омӯзгор посух дод. Чи посухе!

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар бораи қазияи омӯзгор Муҳимҷон Раҳмонов, ки баъди латукӯб шудан аз ҷониби бародари яке аз шогирдонаш худ низ ҷарима гардид, изҳор дошт, ки омӯзгор нисбат ба хонанда аз суханони таҳқиромез истифода кардааст ва ин ҳолат дар ҷараёни тафтишот исбот шудааст.

Рӯзи 10-уми июл зимни нишасти матбуотӣ вазир гуфт, мурофиаи додгоҳӣ бо ҳузури намояндагони Иттифоқи касаба баргузор шуда, нисбат ба ҳар ду ҷониб чораҳои қонунӣ андешида шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, шахсе, ки омӯзгорро латукӯб кардааст, низ ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.

Раҳим Саидзода таъкид кард, ки Вазорати маориф омӯзгоронро ҳимоят мекунад, аммо омӯзгорон низ бояд дар фаъолияти худ аз таҳқир ва истифодаи суханони қабеҳ худдорӣ намоянд. Ба гуфтаи ӯ, ин ҳодиса набояд чунин маънидод шавад, ки вазорат аз омӯзгорон пуштибонӣ намекунад.

Ҳамзамон муовини вазири маориф Равшан Каримзода дар ин нишаст гуфт, ки қазияи мазкур аз рӯзи аввал таҳти назорати вазорат қарор дошт ва намояндагони вазорат аз омӯзгор аёдат карда, ба ӯ кумаки молӣ низ расондаанд.

Қазияи Муҳимҷон Раҳмонов баъди нашри як муроҷиати видеоии ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ расонаӣ шуд. Омӯзгор иддао кард, ки шаби 8-уми май бародари яке аз хонандагонаш пас аз эрод гирифтани ӯ аз рафтори хоҳараш ба ӯ ҳамла карда, латукӯб ва таҳдиди куштан намудааст. Раҳмонов аз Миралӣ Орзуев ҳамчун шахси ҳамлавар ном бурд. Ин ҳодиса вокуниши густурдаи ҷомеаро ба бор оварда, бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хостори ҷазои қонунӣ барои ҳамлавар ва ҳифзи ҳуқуқу мақоми омӯзгор шуданд.

Баъдтар маълум шуд, ки бо шикояти падари хонанда нисбат ба худи омӯзгор низ парвандаи маъмурӣ оғоз шудааст. Муҳимҷон Раҳмонов эътироф кард, ки ҳангоми суҳбат бо хонанда аз як сухани қабеҳ истифода кардааст. Дар натиҷа, Додгоҳи ноҳияи Нуробод ӯро барои “иҷро накардани уҳдадориҳо дар таълиму тарбияи кӯдак” гунаҳкор дониста, 1560 сомонӣ ҷарима баст. Ҳамзамон Миралӣ Орзуев барои латукӯби омӯзгор бо ҳукми додгоҳ ба панҷ шабонарӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум гардид. То имрӯз худи Орзуев нисбат ба ин қазия изҳори назар накардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек: аз мулоқот бо Пизишкиён то гуфтугӯ бо намояндагони ИМА

Раиcҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ба Бишкек рафт.

Барои надоштани костюми хокистарранг хонандагонро аз дарси “Сулҳ” ронданд

Навори падаре, ки мегӯяд фарзандашро барои надоштани костюм ва...

Оғози ҳамлаҳои нав байни Амрико ва Эрон

Таниш миёни ИМА ва Эрон дубора авҷ гирифт. Нерӯҳои Амрико ду партобгари мушакии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломиро дар ҷазираи Лорак ҳадаф қарор доданд.

Роғун: Сохтмон ё кӯлоҳбардории аср ва ояндаи норӯшани он

НОБ-и Роғун, бузургтарин сохтмони таърихи кишвар, ки аз худи...