21.9 C
Dushanbe

Вазирони дифои кишварҳои узви СААД бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуданд

Имрӯз 27 апрел дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони дифои кишвраҳои узви СААД дар Душанбе Эмомалӣ Раҳмон бо вазирони мудофиаи ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дабири кулли СААД ва ҳамчунин намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Арманистон дар назди СААД мулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои хабаргузории ҳукуматии “Ховар”, дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории давлатҳои аъзо дар самти сиёсӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ, муборизаи муштарак бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, таъмини амнияти минтақа, вазъи Афғонистони ҳамсоя ва мустаҳкам кардани ҳифзи сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистону Афғонистон, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Дар мулоқот зикр гашта, ки паҳншавии босуръати бемориҳои гуногуни сироятӣ дар ҷаҳон ба амнияти минтақа таҳдид мекунад. Аз ин рӯ, масъалаи ташкили низоми таъмини амнияти биологии кишварҳои аъзои СААД низ баррасӣ гардид.

Гуфта мешавад, ки пас аз мулоқот бо Раҳмон вазирони дифои кишварҳои узви СААД дар майдони Дӯстӣ бар пояи муҷассамаи Исмоил Самонӣ гулчанбарҳо гузоштанд.

Имсол СААД-ро Тоҷикистон раисӣ мекунад ва ин ҷаласаи якуми Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзост, ки дар давраи раёсати кунунии Тоҷикистон дар Душанбе баргузор мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.