Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар нишасти матбуотии худ ба баҳсҳое, ки пас аз даргузашти Бахтиёр Раҳимов, роҳбари гурӯҳи ҳаҷвии «Ғарибшо кампания», дар бораи надоштани унвони давлатӣ ба миён омада буданд, посух дод.
Бахтиёр Раҳимов, ҳунарманди маъруфи тоҷик ва роҳбари гурӯҳи ҳаҷвии «Ғарибшоҳ кампания», шаби 30-уми июн дар синни 57-солагӣ даргузашт. Пас аз марги ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо баҳсу интиқодҳо матраҳ шуданд, ки чаро яке аз маъруфтарин ҳаҷвнигорони кишвар соҳиби унвонҳои давлатӣ набуд.
Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанг, дар нишасти матбуотӣ бо изҳори ҳамдардӣ ба пайвандони марҳум гуфт, ки барои соҳиб шудани ҳунармандон ба унвонҳои давлатӣ маҳдудияти алоҳидае нисбат ба ҳаҷвнигорон вуҷуд надорад. Ба гуфтаи ӯ, Бахтиёр Раҳимов соҳиби унвони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» буд.
Абдуфаттоҳ Аминзода, сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумии вазорат, гуфт, тибқи тартиби амалкунанда, пешниҳод барои дарёфти унвонҳои давлатӣ аз ҷониби муассисаи кории ҳунарманд ё мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ анҷом дода мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, Бахтиёр Раҳимов дар ягон муассисаи тобеи Вазорати фарҳанг фаъолият намекард ва то замони даргузашташ ҳуҷҷатҳои пешниҳодии ӯ барои дарёфти унвони давлатӣ ба вазорат ворид нашуда буданд.
Аминзода ҳамчунин изҳор дошт, ки соли гузашта бо ибтикори Вазорати фарҳанг бо Бахтиёр Раҳимов тамос гирифта шуда, ба ӯ пешниҳод шудааст, ки ҳуҷҷатҳои заруриро барои баррасии масъалаи дарёфти унвони давлатӣ омода кунад. Ба гуфтаи ӯ, Раҳимов он замон бинобар табобат натавонистааст ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кунад.
Аммо ин изҳороти намояндаи Вазорати фарҳанг аз ҷониби Ташриф Халилов, ҳамкори наздик ва дӯсти Бахтиёр Раҳимов, зуд рад карда шуд. Халилов дар саҳифаи Instagram-и худ навишт, ки «ягон бор акаи Бахтиёрро аз Вазорати фарҳанг занг назадаанд.»
Ба гуфтаи ӯ, Бахтиёр Раҳимов солҳои зиёд орзуи гирифтани як унвони расмиро дошт ва борҳо пешниҳод мекард, ки барои дарёфти он ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон муроҷиат кунад. Халилов менависад, ки агар аз Вазорати фарҳанг воқеан занг мезаданд, Раҳимов ҳатман аз ин хабар ба ӯ мегуфт ва фавран барои омода кардани ҳуҷҷатҳо иқдом мекард.
Ӯ дар навиштааш таъкид кардааст: «Агар Вазорати фарҳанг занг мезад, давида-давида мерафт. Мо ҳар рӯз якҷо будем. Агар чунин занг мешуд, ҳатман мегуфт, ки аз вазорат як хушхабар расид. Барои ҳамин, ҳақиқат ин аст, ки ягон бор занг назадаанд.»
Орзу Исоев, рӯзноманигори собиқи телевизиони давлатии «Сафина», ки қаблан бо Бахтиёр Раҳимов чандин мусоҳиба анҷом додааст, дар бораи тартиби пешниҳоди ҳуҷҷат барои гирифтани унвонҳо интиқод карда, навиштааст: «Аҷаб! Чӣ тавр ариза менавишта бошӣ? “Илтимос, аз шумо хоҳиш мекунам, ки ба ман унвон диҳед!” Ҳамин хел? Ин чӣ унвонест, ки онро гадовор бояд биталбӣ? Магар табиати ҳунарманд бо ин қабил шарту қоида созгор аст?»
Ба гуфтаи ӯ, унвонҳои давлатӣ бояд бо ибтикори мақомоти масъул ва ҳамчун қадрдонии ногаҳонӣ ба ҳунармандони арзанда дода шаванд, на ин ки худи ҳунарманд барои дарёфти онҳо муроҷиат кунад.
Изҳороти Вазорати фарҳанг дар ин маврид баҳсҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд овардаст. Бисёре аз корбарон бар ин назаранд, ки Бахтиёр Раҳимов, ҳатто бидуни доштани унвони давлатӣ, аллакай ҳунарманди мардумӣ дар қалби мардум буд. Бархеи дигар аз муносибати мақомоти фарҳангӣ интиқод карда, пешниҳод доранд, ки ба хотири қадршиносӣ аз саҳми ӯ дар рушди ҳаҷви тоҷик, пас аз даргузашташ низ бо унвони фахрии давлатӣ сарфароз карда шавад.
