Бо вуҷуди он ки волидони хонандагон ҳамоно аз ҷамъоварии маблағ ва фурӯши иҷбории либоси мактабӣ дар муассисаҳои таълимӣ шикоят мекунанд, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бори дигар таъкид карда, ки чунин амалҳо ғайриқонунӣ буда, қатъиян манъ аст.
Рӯзи 10-уми июл дар нишасти матбуотии ин ниҳод Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илм гуфта, ки дар сурати ба таври ғайриқонунӣ ҷамъоварӣ шудани маблағ дар мактабҳо, шаҳрвандон метавонанд ба вазорат муроҷиат кунанд ва гурӯҳи кории вазорат ҳатман ин ҳолатҳоро мавриди санҷиш қарор медиҳад.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи маълумоте, ки тавассути расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешавад, баррасӣ гардида, ба раёсату шуъбаҳои маориф барои санҷиши онҳо дастур дода мешавад.
Вазир ҳамзамон аз муроҷиаткунандагон хоста, ки шикоятҳои худро бо далелу санад пешниҳод кунанд, чун дар бисёр мавридҳо муроҷиатҳо беному нишонанд ва ҳамин масъала санҷиши онҳоро мушкил мекунад.
Равшан Каримзода, муовини вазири маориф ва илм низ бо истинод ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” таъкид кард, ки ҷамъоварии маблағ аз хонандагон “куллан манъ аст” ва танҳо кумитаҳои падару модарон метавонанд барои корҳои хайрия ва ободонӣ бидуни маҷбур кардани волидон маблағ ҷамъоварӣ кунанд.
Дар нишасти матбуотӣ масъалаи фурӯши либоси мактабӣ низ матраҳ шуд. Бадриддин Музаффарзода, муовини вазири маориф ва илм гуфт, ки ҳеҷ як мудири мактаб ё роҳбари синф ҳуқуқи ба фурӯш гузоштани либоси мактабиро дар ҳудуди муассисаи таълимӣ надорад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки масъалаи ҷамъоварии маблағ ва фурӯши иҷбории либоси мактабӣ солҳост, ки аз мушкилоти доимии муассисаҳои таълимии кишвар боқӣ мондааст. Ҳар сол волидон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо аз талаби пули моҳона, маблағ барои таъмиру китобҳо ва маҷбур кардани хонандагон ба харидани либоси мактабӣ аз ҷойҳои муайян шикоят мекунанд ва Azda.tv борҳо шикояти волидону омӯзгоронро нашр карда буд.
Аз ҷумла, чанде пеш як гурӯҳ аз волидони хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Ваҳдат бо ирсоли номаи дастаҷамъӣ ба Azda.tv аз вуҷуди қонуншиканиҳои молиявӣ ва маъмурӣ дар ин муассиса изҳори нигаронӣ карданд.
Ба гуфтаи онҳо, аз хонандагон барои хариди китобҳо, таъмири синфхонаҳо, гирифтани аттестат ва баргузории чорабиниҳои мактабӣ маблағ ҷамъоварӣ мешавад. Волидон ҳамчунин иддао доранд, ки маблағҳои ҷамъоваришуда ба таври шаффоф истифода намешаванд.
Муроҷиаткунандагон мегӯянд, қаблан низ ба мақомоти соҳаи маорифи шаҳри Ваҳдат муроҷиат карда буданд, аммо шикояти онҳо бенатиҷа мондааст.
Ёдовар мешавем, ки масъулони Вазорати маориф ва илм тайи солҳои ахир борҳо аз манъи ҷамъоварии маблағ ва фурӯши иҷбории либоси мактабӣ хабар додаанд. Аммо шикоятҳои сершумори волидон аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар нишон медиҳад, ки ин падида ҳанӯз ҳам дар бисёре аз муассисаҳои таълимӣ идома дорад ва роҳи ҳали худро наёфтааст.
