25.9 C
Dushanbe

ВКД аз қатли чанд зодаи Рӯшон хабар дод

Ба иддаои ВКД ин нафарҳо аз 18-уми майи соли ҷорӣ дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошта, 31-уми май, соати 09:30 дар натиҷаи гузаронидани амалиёти ба ном “зиддитеррористӣ” дар баландкӯҳҳои деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшон ба қатл расонида шудаанд.

Кушташудагон Ғуломҳайдаров Ёдгор Мамадбекович, соли таваллудаш 1974, истиқоматкунандаи деҳаи Дерзуд, Почоев Алишер Сафармамадович, соли таваллудаш 1976, истиқоматкунандаи деҳаи Вамар, Мавлододов Ҳабиб Феткаевич соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи деҳаи Дерзуд, Шехбуров Ҷангибек Душанбиевич, соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи деҳаи Вамар, Палаев Дохунда Худобандаевич, соли таваллудаш 1969, истиқоматкунандаи деҳаи Вамар мебошанд.

Маълум нест ин нафарон дар кадом ҳолат ба қатл расонида шудаанд, аммо ВКД менависад, ки онҳо “ҳангоми нишон додани муқовимати мусаллаҳона безарар карда шуданд”.

ВКД ҳамаи ин нафаронро “аъзоёни гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ ва террористӣ” номида, аз зинда дастгир шудани “яке аз роҳбарони ин гурӯҳ” Палаев Қулмаҳмад Каримович, соли таваллудаш 1974, истиқоматкунандаи деҳаи Вамар хабар додаааст.

Дар идома ВКД менависад, ки “зимни азназаргузаронии ҷойи ҳодиса, ки дар баландии 2800 метр аз сатҳи баҳр ва фосилаи 1 км аз хати Сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон ҷойгир аст, 1 адад силоҳи мерганӣ бо 200 дона тир, 1 адад пулемёти Калашников бо 150 дона тир, 1 адад гранатомёти зиддитанкӣ бо 3 адад гулӯла, 4 автомати Калашников бо 5 тирдон ва 135 дона тир, 5 адад норинҷаки дастӣ ва 2 адад таппончаи Макаров бо 50 дона тир дарёфт ва мусодира карда шуданд” .

ВКД дар ҳоле аз ин амалиёти ба ном “зиддитеррористӣ” хабар медиҳад, ки як рӯз пеш яъне шоми 30-юми май дар сомонааш исми 10 сокини ноҳияи Рӯшонро, ки бо иттиҳоми даст доштан дар эътирозҳои ахир дар ноҳияи Рӯшон таҳти ҷустуҷӯ қарор доштаанд, нашр карда буд. Ва субҳи имрӯз чанд тани ин нафарони дар ҷустуҷӯ қарор дошта, боздошт ва ба қатл расонида шудаанд.

Таҳқиқ ва ростиозмоии он чӣ Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи қатли ин сокинони ВМКБ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир барои Аздотв имконнопазир аст, аммо дар гузашта кормандони ин вазорат худашон чандин ҷиноятҳои сангини дигаре ба мисли қатли собиқ вазири корҳои дохилӣ генерал Маҳмадназар Салихов-ро анҷом дода, сипас ба мардум дурӯғ гуфта буданд, гӯё вай худаш худкӯшӣ карда бошад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вазорати маориф: То девори мактаб чаппа нашавад, таъмир намекунем

Мақомот дар ноҳияи Рашт ба масъулини як мактаби хурде, ки дар ҳолати садавамӣ қарор дорад, гуфтаанд, то деворҳояш фурӯ нарезад, онро таъмир намекунанд.

Собиқ раиси Конибодом зиндонӣ шуд

Собиқ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.

Нигаронии мақомот аз таълимоти динии ҷавонон

Мақомоти Тоҷикистон боз аз ҷалб шудани ҷавонон ба таълимоти - ба гуфти худашон - "ғайриқонунии динӣ" изҳори нигаронӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав сафар кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати ҳамтои русаш Владимир Путин бо сафари корӣ ба Маскав рафт.