ВКХ муҳоҷирони тоҷикро барои сафар ба Қазоқистон ҳушдор дод

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳороте шаҳрвандони кишварро аз сафар ба Қазоқистон ҳушдор медиҳад.

Дар пасманзари тафтишу ихроҷи муҳоҷирони тоҷик ва татбиқшавии чораҳои пурзӯри амниятӣ дар фурудгоҳҳои Қазоқистон, Вазорати корҳои хориҷии кишвар ба шаҳрвандон тавсия додааст, ки пеш аз сафар ба Қазоқистон ҳуҷҷатҳои заруриро бо худ гиранд.

Дар изҳорити ВКХ, ки 7-уми май нашр шудааст, гуфта мешавад, ҳангоми пурсишу тафтишҳои мақомоти Қазоқистон муҳоҷирони кории тоҷик бояд ба саволҳои марбут ба мақсади сафар, замони будубош, ҷои истиқомат, робитаҳои хешовандӣ ва дӯстӣ доштан бо сокинони Қазоқистон мушаххас ҷавоб дода, дар сурати лозим будан, суроғаи истиқоматӣ ва рақамҳои телефони онҳоро барои тамос пешниҳод намоянд.

Инчунин аз муҳоҷирони тоҷик хоста шудааст, ки дар сурати дучор гардидан бо мушкилиҳо ба сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон бо шумораҳои (тел: +77761760043 – WhatsApp, tajembastana@mfa.tj) ё консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Алмато (тел: +77775883115 – WhatsApp, tajconsalmaty@mfa.tj) муроҷиат кунанд.

Дар изҳороти ВКХ-и кишвар таъкид шуда, ки и миёни мақомоти дахлдори Тоҷикистону Қазоқистон ҳамкории зич ва созанда идома меёбад.

Изҳороти ВКХ дар ҳоле нашр мешавад, ки санҷишу боздошт ва ихроҷи зодагони Тоҷикистон дар Қазоқистон афзуда, мақомоти ин кишвар ҳатто нафаронеро, ки иҷозаи муваққатии иқомат доштанд, боздошту ихроҷ кардаанд.

Бояд гуфт, тафтиши зодагони Тоҷикистон дар баъзе кишварҳо пас аз ҳодисаи хунини “Крокус Сити Ҳолл” дар Русия, ки аксар гумонбарони ин ҳодиса тоҷикон мебошанд, бештар шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Камарбанди сиёҳ, доктори фахрӣ ва “дастхати муқаддас”-и Раҳмон дар Корея

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафараш ба Кореяи Ҷанубӣ соҳиби дани фахрии 9-уми таэквондо ва унвони доктори фахрии Донишгоҳи Корея шуд.

Иқтисод рушд мекунад, вале қарзҳо ҳам зиёд мешаванд. Чаро?

Президент мегӯяд, иқтисод 7,8% рушд кардааст, вале намояндагони ҳукумат дар Лондон барои ҷалби сармоя бо бонкҳо ва муассисаҳои молӣ гуфтушунид доранд.

Бо дахолати Амрико Лукашенко 25 маҳбуси сиёсиро озод кард

Пас аз муокирот бо намояндаи вежаи Амрико, мақомоти Беларус 17-уми сентябр 25 маҳбуси сиёсиро аз зиндон озод карданд.

Баъди гузориши Azda.tv директори мактаб аз мақомаш барканор шуд

Волидоне, ки қаблан аз пулситонӣ дар мактаби №6-и шаҳри Ваҳдат шикоят доштанд, мегӯянд, пас аз нашри гузориши Azda.tv директори мактаб аз вазифааш барканор шуд.