17.9 C
Dushanbe

“Вой аз дасти бебарқӣ!” Шикояти сокинон аз интернету шароити бад

Аз субҳи имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ наворе давр мезанад, ки соҳибаш аз шароити бади иқтисодӣ ва аз бебарқиву интернети сусти Тоҷикистон шикояд дорад.

Муаллифи навор мегӯяд, пас аз бозгашт ба Ватан аслан намефаҳмад куҷо ғалтиааст – Душанбе ё Дубай? Ӯ мегӯяд, Дубай гуфтанаш на маънои рафоҳу пешрафт аст, балки ӯ гаронии нархҳоро дар назар дорад. Ба гуфтаи вай, як наҳории иборат аз таоми “Угро” ба 200 сомонӣ баробар шудааст.

Мушиклии дигаре,ки муаллиф мегӯяд, ин суръату сифати интернет аст. Пас аз пурсуҷӯ бо маблағи 200 сомонӣ интернети босифат харидорӣ кардам, аммо барои он ки хуб кор кунад ё бояд болои бом бароӣ, ё болои дарахт. Дар ғайри ин сурат интерент кор намекунад.”, мегӯяд муаллифи навор.

Инчунин ӯ бебарқиро аз мушкилоти асосии деҳаҳо дониста, таъкид мекунад, ки “бо чунин ҳол бояд як инсон дар асри 21 чӣ гуна ба таври бояду шояд зинадагонӣ кунад? Мошинро бари шустушӯй мебаред, барқ нест, барои асбобҳои ороишии мӯйи сар барқ нест, ҳангоми оббозӣ барқ нест, агар хоҳед аз дастгоҳи сармоишӣ истифоад баред, боз барқ нест. Ин худаш чи гап аст.” 

Ба гуфтаи муаллиф ин ҳолат дар ноҳияву деҳаҳои дурдаст аст, вале дар пойтахт чунин нест. “Аммо дар деҳоту ноҳияҳо низ одамҳо зиндагонӣ мекунанд, эҳтиёҷоти худро доранд. Мо аз хориҷ омадем мегузоред, ки дар Ватани худ зиндагӣ кунем ё ҳатман равем ҷойи дигаре барои зиндагӣ?”, меафзояд ӯ. 

Дар навор таъкид мешавад, ки 5 сол пеш ҳам ин мушкилот вуҷуд доштанд, ҳоло ҳам вуҷуд доранд. Кай ин мушкилот бартараф мешаванд? Ягона чизе, ки тағйир ёфтааст, ба назари ӯ, ин нархҳои гарони маҳсулот аст. 

Дар Тоҷикистон аз 22-юми сентябри соли ҷорӣ расман “лимит” ҷорӣ шудааст. Мақомот ба фарқ аз солҳои пешин онро зудтар таъйид карданд. Дар ҳоле, ки солҳои пеш ҷорӣ шудани “лимит”-ро кӯшиш мекарданд расман эълон накунанд ва онро ба мушкилоти техникӣ, камобӣ дар обанборҳо ва ғайра рабт диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки бебарқӣ дар Тоҷикистон ба яке аз мушкилоти ҳамешагии мардум табдил ёфтааст, ки бо омадани Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат дар кишвар пайдо шуда ва то ин дам идома дорад. Ҳамасола сокинони кишвар, бахусус дар фасли сармо аз бебарқӣ ранҷи зиёд мекашанд. Дар ҳоле, ки Раҳмон борҳо ваъда дода, ки ин мушкилӣ барои мардум “ба афсона табдил мешавад”, вале ҳар сол ин мушкилӣ бештар давом меёбад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошту латтукӯби сахти муҳоҷирон аз сӯи ОМОН-и Русия

Рӯзи 2-юми октябр дар шаҳри Новосибрски Русия нерӯҳои вежа ё ОМОН бо хушунат вориди анбори ширкати ''ОЗОН'' шуда, муҳоҷирони кориро боздошт ва латтукӯб карданд.

Лубнон: Як рӯз пеш аз террори Ҳ.Насруллоҳ ба оташбас мувофиқат шуда буд

Вазири корҳои хориҷии Лубнон ҷузъиёти тозаеро аз ҳодисаи террори Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ" фош кард.

Боздошти як тоҷикистонӣ дар Афғонистон бо иттиҳоми узвият дар ДИИШ

Мақомоти Толибони Афғонистон аз боздошти 3 узви ДИИШ хабар доданд, ки яке аз онҳо шаҳрвнади Тоҷикистон гуфта мешавад.

Боздошти як муҳоҷири 45-солаи тоҷик дар Варшава

Пулиси шаҳри Варшаваи Лаҳистон ду мардеро бо иттиҳоми тирандозӣ дар бозори "Олимпия" боздошт кардаанд.