Вокуниши Шуъбаи маорифи Нуробод ба латтукӯби муаллим дар ин ноҳия

Пас аз тақрибан ду ҳафтаи латтукӯби Раҳмонов Муҳимҷон дар Нуробод, масъулини Шуъбаи маорифи ноҳия ба хабаргирии ин омӯзгор рафтанд.

21-уми майи соли ҷорӣ, Шуъбаи маорифи ноҳияи Нуробод дар саҳфаи фейсбукиаш хабар дода, ки бо дастури вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Вазорат ва мудири шуъбаи маорифи ноҳия Нуробод аз ҳолу аҳволи омӯзгор Раҳмонов Муҳимҷон хабар гирифтанд.

Ҳамчунин гуфта шудааст, ки иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маорифи Тоҷикистон ва ноҳияи Нуробод низ кумаки молиявӣ расонида, раванди табобат ва барқарорсозии саломатии омӯзгор то пурра сиҳат ёфтанаш таҳти назорати ҷиддӣ қарор мегирад.

Ба гуфтаи ин шуъба, омӯзгор аз ташхиси пурраи тиббӣ гузашта, вазъи саломатиаш айни замон хуб арзёбӣ мешавад ва осеби ҷиддӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Шуъбаи маорифи ноҳияи Нуробод иддао дорад, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҳар гуна ҳолатҳои зӯроварӣ нисбат ба омӯзгорон бетараф набуда, ҳифзи шаъну эътибор ва саломатии аҳли маорифро аз самтҳои муҳими фаъолияти худ медонад.

Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки омӯзгори ҷавон дар бистари беморӣ аз латтукӯбу таҳқир шуданаш аз ҷониби бародари як хонанда қисса мекард.

Муҳимҷон Раҳмонов, омӯзгори мактаби №1-и ноҳияи Нуробод дар ин навор мегӯяд, баъди сарзаниши хонанда барои гапгардонӣ бародари шогирдаш ӯро ба мошин савор карда, бо мушту лагад заданд, таҳдид ба куштан кардаанд ва таҳқир намуда гуфтааст, “падару модаратро фалон мекунам” ва сипас ба рӯяш туф кардааст.

Соҳибкор Миралӣ Орзуев, ки дар латтукӯби омӯзгор гумонбар мебошад, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки омӯзгорро назадааст, балки танҳо суҳбат карданд. Ҳамчунин директори мактабе, ки Муҳимҷон дар он кор мекунанд, аз ин ҳодиса изҳори бехабарӣ кардааст. Иддаои соҳибкор ва бехабарии директори мактаб дар ҳолест, ки ташхиси тиббӣ осеб дидани омӯзгорро тасдиқ кардааст.

Дар ҳамин ҳол як манбаъ аз Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Нуробод ба ин расона гуфтааст, ки фарди гумонбар ба латтукӯбро “ба идораи милиса овардаанд ва бозпурсӣ идома дорад” ва омӯзгорро дигарбора барои муоинаи тиббии додгоҳӣ бурдаанд ва баъди гирифтани натиҷаи ташхис нисбат ба фарди гумонбар чора андешида мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.