9.9 C
Dushanbe

Вокуниши тоҷикон ба сафари Мишустин ба Тоҷикистон

Фаъолони ҷомеаи мадании Тоҷикистон дар вокуниш ба сафари Раиси Ҳукумати Русия ба Тоҷикиситон мегӯянд, ки ҳадаф аз он ҳифзи манфиатҳост.

Сиёсатшиноси тоҷик

Аммо Назаралӣ Пирназаров мегӯяд, “фикр намекунам, ин сафар дар ҷавоб ба сафари Энтони Блинкен сурат гирифта бошад, чун ки омодагиҳо барои ин сафари Раиси Ҳукумати Русия ба Тоҷикистон аз ноябри соли гузашта оғоз шуда буд ва гуфта мешуд, дар моҳҳои январ-феврал бояд анҷом шавад.”

Ҳамзамон Ҳомид Хостихудоев бар ин назар аст: 1. Агар ҳадафаш содда мебуд, бо телефон ҳам ҳал мешуд. 2. Ва албатта барои ҳамкории судманди дуҷониба. 3.Замони муосир хеле мураккаб аст, пешгӯишавнда нест.

Абдулҳамид Асрор бошад таъкид мекунад: Давлатҳои бузург барои ноил шудан ба ҳадафҳои сиёсии худ тамоми воситаҳоро истифода мебаранд ва Русия мехоҳад мақомашро дар Осиёи Марказӣ аз даст надиҳад. Михаил Мишустин барои мустаҳкам кардани робитҳо бо Осиёи Марказӣ, аввал Тоҷикистонро интихоб кардааст, зеро Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати ҷойгиршавии ҷуғрофиаш мақоми махсуси геосиёсӣ дорад.

Ба сурати хулоса, назари ин сиёсатшиноси ҷавон ҳам дар робита ба ин сафар он аст, ки Раиси Ҳукумати Русия масъули блоки иқтисодии кишвар аст ва дирӯз ҳам дар шаҳри Душанбе нишасте зери унвони “Шарикии тиҷоратӣ ва сармоягузории Русия ва Тоҷикистон” гузаронида шуд ва Михаил Мишустин дар он ширкат ва суханронӣ ҳам кард. Инчунин “дар паҳнои пасошӯравӣ равандҳои қаблан тасаввурнопазир ҷараён доранд ва сабаби асосии онҳо оғози ҷанг миёни Русия ва Украина мебошад…”

Гуфта мешавад, вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар охири феврали соли 2023 дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон бо ҳамтои амрикоияшон дар қолаби С5+1 мулоқот карданд. Дар ин мулоқот Энтони Блинкин гуфт, ки 25 миллион доллар ба шариконашон дар Осиёи Марказӣ кумак мекунанд.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки давоми беш аз сад соли ахир ба хилватгоҳи Русия табдил шудаанд, Кремлин дар гузашта ҳар тавре хост аз онҳо ба нафъи худаш истифода кард, аммо ҳоло дар ин замони барояш хеле ҳассос намехоҳад, ки ин минтақаро ба осонӣ аз даст бидиҳад.

Бо ин вуҷуд, дар як соли ахир, он ҳам замоне, ки Русия дар ҷанг бо Украина хеле заиф шудааст, вазъият хеле фарқ кардааст. Вокунишҳои расмӣ ва ғайри расмии Сарони Кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам дар ин муддат нишон медиҳанд, ки дигар намехоҳанд умрбод вобастаи Русия бошанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи тоҷикон аз Кореяи Ҷанубӣ

Бино ба иттилои манобеи Azda tv, мақомоти Кореяи Ҷанубӣ дар ин чанд рӯзи ахир бархе аз муҳоҷирони тоҷикро боздошт ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Ҷойивазкунии мақомдорон дар Тоҷикистон

Бо фармон ва қарорҳои нави Эмомалӣ Раҳмон чанд нафар аз як вазифа озод ва ба вазифа дигар таъйин шуданд.

Истирдоди як фаъоли тоҷик аз Лаҳистон ба Тоҷикистон

Мақомоти Лаҳистон ҳафтаи гузашта боз як фаъоли тоҷикро боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод кардааст.

Чаро ҷавонон ифротгаро мешаванд?

Маънои луғавӣ ва истилоҳии ифротгароӣ Ифротгароӣ дар луғат ба маънои аз ҳад гузаштан, аз меъёр гузаштан ва зиёдаравӣ кардан аст (фарҳанги форсии Муин, фарҳанги форсии Амид). Калимаҳои мутародиф ва ё ҳаммаъно бо ифрот иғроқ, газофа, муболиға, сахтгирӣ, ғулув ва монанди ин мебошанд.