21.9 C
Dushanbe

Вокуниши Толибон ба изҳороти SIGAR: Ҳеч хатаре ба ҳамсоягон таҳдид намекунд!

Толибон рӯзи 18-уми июни соли ҷорӣ бо нашри баёнияе ба гузориши ахири ниҳоди Бозраси вежаи Амрико дар умури бозсозии Афғонистон (SIGAR) вокуниш нишон дода, онро таблиғоти Амрико барои бадномсозии ҳукуматашон арзёбӣ кард.

Забиҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон бо нашри изҳороти расмие муҳтавои ин гузориши ниҳоди амрикоиро мабнӣ бар ин ки дар Афғонистон мушкилоти амниятии дохилӣ афзоиш ёфта, кишварҳои ҳамсояро хатар таҳдид мекунад, дурӯғ шуморида, мегӯяд, чунин фаъолиятҳо барои “фазосозӣ бо ҳадафи нигарон сохтани ҳамсоягони Афғонистон” омода мешаванд.

Сухангӯи ҳукумати Толибон мегӯяд, ниҳоди Бозраси вежаи Амрико дар умури бозсозии Афғонистон пас аз ба сари қудрат расидани Толибон дар ин кишвар вазифаи пропаканда дуруст кардан алайҳи Иморати исломиро бар уҳда гирифтааст.

SIGAR дар тозатарин гузориши худ гуфтааст, ки “Иморати исломӣ бо мушкили амниятии ҷиддӣ мувоҷеҳ аст ва гурӯҳҳои мусаллаҳи хориҷӣ ва таҳдидоти дохилӣ дар Афғонистон афзоиш ёфта ва бархе кишварҳо бо хатар мувоҷеҳ ҳастанд.

Аммо ниҳоди сухангӯии Толибон ин гузоришро рад карда, мегӯяд, “Мо ин навъ пропакандаи SIGAR-ро бо ҷиддият рад менамоем. Иморати исломии Афғонистон контроли комили авзоъро дар даст дорад ва ба ҳеч гурӯҳ ё ҷиҳате иҷозат нахоҳад дод, ки Афғонистонро ноамн кунад ё аз хоки Афғонистон алайҳи касе истифода кунад.

Дар баёнияи Толибон ҳамчунин таъкид мешавад, ки ҳеч хатари гурӯҳи мусаллаҳонаи дохилӣ ва хориҷӣ ба амнияти Афғонистон таҳдид намекунад ва “пурӯжаи ДИИШ шикаст хӯрда, дар маърази нобудист.”

Таъкиди Толибон дар бораи нобудии ДИИШ ва адами таҳдиди амният аз хоки ин кишвар ба кишварҳои ҳамсоя дар ҳолест, ки чанд моҳе қабл ду маротиба гурӯҳҳои мусаллаҳ аз хоки ин кивашр вориди хоки Тоҷикистон шуда, дар вилояти Бадахшон ва вилояти Суғди Тоҷикистон бо нерӯҳои марзбонии кишвар задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.