3.9 C
Dushanbe

Вокуниши Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иддаои Вазорати корҳои хориҷии Беларусро дар хусуси масоили муштараки марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон рад кард.

Бино ба иттилои расмӣ, шоми дирӯз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия гуфт: “Масоили вобаста ба муайянсозии хатти сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон танҳо дар сатҳи ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон муҳокима ва матраҳ мегарданд.

Ба қавли манбаъ, дар машварати роҳбарони воҳидҳои ҳамкории ҳарбии байналмилалии вазоратҳои мудофиаи давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД), ки 1-2 марти соли 2023 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид, ҳайати Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат дошт.  Аммо “дар рӯзномаи чорабинӣ масъалаҳои вобаста ба сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ҷой надоштанд.”

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки “бар хилофи изҳороти намояндаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Беларус аз 4 марти соли 2023, дар рафти ҷаласа масъалаи “таҳияи пешниҳодҳо ҷиҳати аз байн бурдани шиддатнокии вазъ дар қисматҳои сарҳад миёни Тоҷикистону Қирғизистон” умуман баррасӣ нашуд.”

Гуфта мешавад, тайи се соли ахир вазъ дар минтақаҳои назди сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон ба мисли пешин ором нест. Солҳои 2021-2022 танишҳо ба авҷи аълои худ расид, дар натиҷа садҳо нафар аз ду ҷониб кушта ва захмӣ шуданд, ҳар ду кишвар яке аз марҳилаҳои талхтарини ҳамсоядориро дар минтақа таҷриба карданд.

Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) дар ҳоли ҳозир 6 узв дорад, ки кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон, Қазоқистону Арманистон ва Русияву Белорус шомили он мебошанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Бекорӣ, коҳиши иқтисод ва афзоиши омори ҷинояткорӣ дар кишвар

Омори ду соли охир нишон медиҳад, ки Тоҷикистонро марҳилаи ошуфтагӣ фаро гирифтстааст.

Ҷиноятҳои беҷазои Раҳмон – чӣ гуна мунтақидон таъқиб ва зиндонӣ мешаванд?

“Дар замони дурӯғгӯйии умумиҷаҳонӣ рост гуфтан ифротгароӣ аст”. Ин сухан, ки ба Ҷорҷ Оруэлл нисбат дода мешавад, вазъияти имрӯзаи Тоҷикистонро хеле дақиқ нишон медиҳад.

Паём чӣ паём дошт?

Паёми ғайришаффоф. Стротежии милии рушд тайи се сол такмил мешавад?

Хазонрез – Истеъфои масъулони баландпояи ҲНИТ

Дар рӯзҳои охири соли ҷорӣ ду масъули баландпояи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз сафи ҳизб канор рафтанд.