Вокуниши Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иддаои Вазорати корҳои хориҷии Беларусро дар хусуси масоили муштараки марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон рад кард.

Бино ба иттилои расмӣ, шоми дирӯз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия гуфт: “Масоили вобаста ба муайянсозии хатти сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон танҳо дар сатҳи ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон муҳокима ва матраҳ мегарданд.”

Ба қавли манбаъ, дар машварати роҳбарони воҳидҳои ҳамкории ҳарбии байналмилалии вазоратҳои мудофиаи давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД), ки 1-2 марти соли 2023 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид, ҳайати Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат дошт.  Аммо “дар рӯзномаи чорабинӣ масъалаҳои вобаста ба сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ҷой надоштанд.”

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки “бар хилофи изҳороти намояндаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Беларус аз 4 марти соли 2023, дар рафти ҷаласа масъалаи “таҳияи пешниҳодҳо ҷиҳати аз байн бурдани шиддатнокии вазъ дар қисматҳои сарҳад миёни Тоҷикистону Қирғизистон” умуман баррасӣ нашуд.”

Гуфта мешавад, тайи се соли ахир вазъ дар минтақаҳои назди сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон ба мисли пешин ором нест. Солҳои 2021-2022 танишҳо ба авҷи аълои худ расид, дар натиҷа садҳо нафар аз ду ҷониб кушта ва захмӣ шуданд, ҳар ду кишвар яке аз марҳилаҳои талхтарини ҳамсоядориро дар минтақа таҷриба карданд.

Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) дар ҳоли ҳозир 6 узв дорад, ки кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон, Қазоқистону Арманистон ва Русияву Белорус шомили он мебошанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қоидаи нави вуруд ба Қазоқистон: QazETA барои шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳатмӣ мешавад

Қазоқистон аз тобистони соли 2027 барои аксари шаҳрвандони хориҷӣ иҷозатномаи электронии вуруд (QazETA)-ро ҳатмӣ мекунад.

Олмон аз сарнавишти Асадулло Бобоев хабар надорад

Чаҳор моҳ пас аз истирдоди Асадулло Бобоев аз Олмон, ҳукумати ин кишвар дар посух ба дархости вакилон гуфтааст, ки дар бораи боздошт ва парвандаи ҷиноятии ӯ дар Тоҷикистон маълумот надорад.

Русия квотаи иқомати муваққатии хориҷиён (РВП)-ро боз кам кард

Ҳукумати Русия квотаи иҷозаи иқомати муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷиро дар соли 2027 то 3010 адад коҳиш дод, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ 792 адад, ё тақрибан 21 дарсад камтар аст.

Даромади буҷети Тоҷикистон барои соли 2027 муайян шуд

Ҳукумати Тоҷикистон даромади буҷети соли 2027-ро 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ кардааст, ки он 23,2 дарсад бештар аз буҷети тасдиқшудаи имсол мебошад.