Як ҷавони 18-сола дар Хатлон зиндонӣ шуд

Мақомот дар вилояти Хатлон як ҷавони 18-соларо бо иттиҳоми пайравӣ аз “Салафия” зиндонӣ карданд.

9-уми июни соли ҷорӣ, Радиои Озодӣ дар истинод ба пайвандони Осиф Санавбаров хабар додааст, ки мурофиаи ӯ чор рӯз пеш бе ҳузури хешовандон ва бе вакили дифоъ баргузор шуда, Додгоҳи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ин ҷавонро ба ҳафт соли зиндон маҳкум кардааст.

Гуфта мешавад, ҷузъиёти парванда ва шарҳи мақомот то ҳол расонаӣ нашудааст.

Дар ҳамин ҳол наздикони Осиф Санавбаров гуфтаанд, ки ӯ дар шаҳри Кӯлоб мехонд ва моҳи март, вақте ба дидани модараш меравад, боздошт мешавад.

Падари Осиф барвақт фавтида будааст ва танҳо модараш аз ҳоли ӯ дар боздоштгоҳ хабар мегирифт. Мақомот ба модараш гуфтаанд, ки ӯ салафӣ аст, вале наздиконаш ба ин иттиҳомот бовар надоранд.

Аммо бо вуҷуди бегуноҳ буданаш, пайвандонаш гуфтаанд, ки зидди ҳукми додгоҳ шикоят намекунанд, чун ба мунсифона баррасӣ шудани қазияи Осиф Санавбаров бовар надоранд.

Бояд гуфт, дар як моҳи охир бори дувум аст, ки додгоҳҳои Тоҷикистон чанд нафарро бо гумони пайравӣ аз “Салафия” аз озодӣ маҳрум мекунанд. Аз ҷумла, Додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи майи соли ҷорӣ се сокини пойтахтро бо ҳамин иттиҳом равонаи зиндон карда буд.

Гуфта мешавад, Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи январи соли 2009 фаъолияти ҷараёни салафияро манъ карда, бо як ҳукми дигараш аз 14-уми декабри соли 2014 ин ҷараёнро экстремистӣ эълон кард. Пас аз ин эълон то ин муддат садҳо нафар бо ин иттиҳом дар Тоҷикистон равонаи зиндон гаштаанд.

Аксар созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар Тоҷикистонро маҳз ба хотири ин қавонинаш интиқод мекунанд, ки мақомоти додгоҳии кишвар бо баҳонаи мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм садҳо ҷавони диндор ва шахсони дигарандешро бо чунин иттиҳомоти сохта барои солҳои тӯлонӣ раонаи зиндон кардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.