Як мақомдори баландпояи шаҳри Бӯстон бо гумони гирифтани пора боздошт шуд

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон бо гумони гирифтани маблағи ҳангуфти пора хабар дод. Ба гуфтаи мақомот, ӯ дар ду маврид 90 ҳазор доллар ва як манзили зистро ба сифати ришва гирифтааст.

Сафар Салимзода, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд, рӯзи 7-уми август дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки алайҳи Олимҷон Мирмуҳамедов, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон, бо гумони гирифтани пора ва сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, Мирмуҳамедов дар ду маврид аз шаҳрвандон барои мусоидат дар ҳалли масъалаҳои марбут ба замин ва иҷозаи сохтмон маблағ талаб карда, дар маҷмуъ 90 ҳазор доллари амрикоӣ ва як хонаи истиқоматии 120-метри мураббаъро бо арзиши тақрибан 600 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

Тибқи иттилои мақомот, дар мавриди аввал ӯ барои мусоидат ба иваз кардани мақсади истифодаи қитъаи замин ва гирифтани иҷозаи сохтмон дар қитъаи 0,30 гектар аз як сокини шаҳри Бӯстон 50 ҳазор доллар ва як хонаи истиқоматӣ гирифтааст.

Дар мавриди дуюм бошад, ба гуфтаи мақомоти зидди фасод, Мирмуҳамедов аз як сокини дигар барои мусоидат ба иваз кардани таъиноти қитъаи замин бо мақсади сохтмони бинои баландошёна 40 ҳазор доллар ришва гирифтааст.

Ба иттилои Агентӣ, ин ҳолатҳои эҳтимолии ришвахорӣ аз моҳи ноябри соли 2025 то апрели соли 2026 рух додаанд.

Алайҳи гумонбар бо моддаи 319 қисми 4 (гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор) ва моддаи 314 қисми 1 (сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Барои иттиҳоми гирифтани пора қонун аз 7 то 12 соли зиндон ва барои сӯиистифода аз мансаб ҷарима ё то 3 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ мекунад.

То замони нашри ин хабар, назари худи Олимҷон Мирмуҳамедов ё мақомоти шаҳри Бӯстон дар бораи ин иттиҳомҳо дастрас нашуд.

Тибқи иттилои Агентии зидди фасод, танҳо дар нимсолаи аввали соли 2026 дар ҳукуматҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои кишвар 118 ҷинояти марбут ба коррупсия аз ҷониби 183 мансабдор ва корманди давлатӣ ошкор шудааст.

Фасод ва ришвахорӣ дар байни мақомдорони кишвар солҳост, ки аз мушкилоти асосии Тоҷикистон дониста мешавад. Ҳарчанд барои мубориза бо ин падида Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъсис ёфтааст, вале баъзан вақт ҳатто кормандони худи ин ниҳод бо даст доштан дар коррупсия муттаҳам мешаванд. Ин аст, ки мунаққидони ҳукумат самаранокии фаъолияти ин ниҳодро зери суол мебаранд.

Ба гуфтаи онҳо, мубориза бо фасод бештар хусусияти намоишӣ дошта, аксаран мансабдороне боздошт мешаванд, ки аз пуштибонии доираҳои пурнуфузи ҳокимият бархӯрдор нестанд. Мақомоти Тоҷикистон ин иддаоҳоро рад карда, мегӯянд, ки дар назди қонун ҳама баробаранд ва мубориза бо коррупсия бидуни истисно идома дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дороиҳои миллиардии як зодаи Тоҷикистон

Фарзандони вакили Думаи давлатии Русия аз ҳизби ҳокими “Единая Россия” ва зодаи Тоҷикистон Раҳим Азимов соҳиби амволи гаронарзише мебошанд, ки арзиши умумии онҳо тақрибан ба 2 миллиард рубл мерасад. 

Бедарак шудани се духтари афғон дар Варшава

Дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон (Полша) се хоҳар, ки узви як хонавода ва зодаи Афғонистон ҳастанд, як ҳафта боз нопадид шудаанд. 

Муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия 18% коҳиш ёфта аст

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Русия сафар кардаанд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 дарсад кам шудааст.

Боздошти як тоҷикистонӣ дар Лаҳистон: Ӯро то 28 соли зиндон таҳдид мекунад

Додситонии шаҳри Жешуви Лаҳистон алайҳи як шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз карда, онро ба додгоҳ ирсол кардааст.