Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Маскав аз боздошти як шаҳрванди 28-солаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар куштори духтари панҷмоҳааш гумонбар мешавад.
Ин ҳодиса 19-уми ноябри соли 2024 дар Любертсии вилояти Маскав рух додааст. Ба гуфтаи муфаттишон, муҳоҷири тоҷик ҳангоми дар манзили зисташ будан ба сари тифл чанд маротиба мезанад, ки боиси марги кӯдак шудааст.
Гуфта мешавад, сабаби рафтори хашини ин марди 28-сола гиряи тӯлонии духтараш будааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тибқи моддаи 105 қисми 2 банди “в”-и Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия (куштори ноболиғ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ин муҳоҷири тоҷикро то 18-уми январи соли 2025 ба ҳабси пешакӣ гирифтаанд.
Додситонии вилояти Маскав мегӯяд, ки ин мард гуноҳро пурра иқрор шудааст ва дар ҳудуди Русия қайди будубош надоштааст.
Аммо ба таври ҷудогона назари худи муттаҳам ва наздиконаш дастраси расонаҳо нашудааст. Ҷузъиёти ҳодиса танҳо аз тариқи мақомот нашр шудааст.