Як навзоди якрӯза аз таваллудхонаи Душанбе бедарак шуд

Як навзоди якрӯза шаби 11 ба 12-уми октябр аз Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон (Таваллудхонаи №1-и Душанбе) бедарак шудааст. Дар ин бора “Азия-Плюс” хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, модари кӯдак Мавзуна Акрамова, сокини 19-солаи ноҳияи Нуробод, рӯзи 11-уми октябр фарзанди нахустини худро солим ба дунё овардааст. Аммо чанд соат баъд, тақрибан соати 01:00-и шаб, маълум шудааст, ки навзод дар шуъбаи таваллудхона нест.

Наздикони оила мегӯянд, ба онҳо хабар дода шудааст, ки гӯё дар сабти дурбинҳои назоратӣ шахсе бо либоси монанд ба кормандони соҳаи тиб дида мешавад, ки кӯдакро аз шуъба берун мебарад. Аммо ин маълумот то ҳол аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ расман тасдиқ нашудааст.

Хешовандони кӯдак фаъолияти кормандони муассисаи тиббиро мавриди интиқод қарор дода, мегӯянд, ки чунин ҳодиса натиҷаи беэҳтиётӣ ва сустии назорат будааст.

Масъулони Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон ҳодисаро тасдиқ карда, гуфтаанд, ки қазия таҳти назорат қарор дорад ва баъзе ҷузъиёти он аллакай муайян шудааст. Онҳо ваъда додаанд, ки пас аз пайдо шудани кӯдак маълумоти муфассал пешниҳод хоҳанд кард.

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷустуҷӯи навзодро идома медиҳанд. Ба гуфтаи наздикони оила, то ҳол беш аз 15 нафар барои бозпурсӣ даъват шудаанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ гуфтааст, ки ҳодиса мавриди санҷиш қарор дорад.

Тибқи моддаи 130 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, барои рабудани ноболиғ, аз ҷумла кӯдаки навзод, ҷазо аз 8 то 12 соли зиндон пешбинӣ шудааст. Дар ҳолатҳои вазнин ин муҳлат метавонад то 20 соли маҳрумият аз озодӣ расад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Австрия: оё масъалаи истирдоди мухолифон боз ҳам матраҳ аст?

Дар Душанбе 12-уми октябри соли ҷорӣ даври 13-уми машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Австрия баргузор гардид.

Тоҷикистон – майдони рақобати Эрон ва Исроил

Гузориши "Эрон Интернешнл" аз ъумқи нуфузи ҷосуси Исроил дар сохтори молӣ ва низомии Эрон хабар медиҳад.

Рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2026 нисбат ба кишварҳои ҳамсоя сусттар хоҳад буд

Бино ба гузориши нави Конфронси савдо ва рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNCTAD), иқтисоди Тоҷикистон дар соли ҷорӣ метавонад 6,6 дарсад рушд кунад.

Қонуни нави муҳоҷират дар Тоҷикистон: оё мушкилоти муҳоҷирон ҳал мешаванд?

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд раванди муҳоҷиратро рақамӣ карда, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони кориро тақвият ва сатҳи муҳоҷиратро коҳиш диҳанд.