Як пирамарди 70-сола барои “лайк” гузоштан зиндонӣ шуд

Додгоҳи шаҳри Исфараи вилояти Суғд як омӯзгори бознишастаи 70-соларо бо иттиҳоми ифротгароӣ панҷ сол зиндонӣ кардааст.

Ҳукми зиндони Камолиддин Шарофов 7-уми августи соли ҷорӣ содир шуда, ӯро 8-уми август ба зиндони шаҳри Хуҷанд интиқол додаанд.

Пайвандону наздикони Шарофов мегӯянд, ки додрас ӯро ба писандидани саҳифа ва тамошои наворҳои мухолифони ҳукумати Тоҷикистон гунаҳкор донистааст, аммо ин омӯзгор иттиҳоми нисбаташ эълоншударо қабул надорад. 

Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш менависад, ки Камолиддин Шарофов ба сабаби мушкили молӣ вакил надошт ва ба ҳамин далел ба зинаҳои болоии додгоҳ низ муроҷиат намекунад.

Гуфта мешавад, ин омӯзгори бознишаста, ки 70 сол дорад ҳангоми ироаи сухани охирин дар додгоҳ аз вазъи саломатиаш шикоят кард ва хоҳони табобат шудааст. Аммо додрас гуфтааст, ки ин дархостро аз маъмурони маҳбас бикунад.

Ёдовар мешавем, ки Камолиддин Шарофов дар аввали моҳи майи соли ҷорӣ, баъди як баҳс дар бораи хидмати ҳарбӣ дар ҷамоати Сурх, ки гуфта будааст, ба Радиои Озодӣ ва “Ислоҳ тв” аз рӯи рафтори ғайриқонунии кормандони комиссарияти ҳарбӣ шикоят менависад, аз ҷониби кормандонии амниятии Исфара дастгир шуд ва мақомот гӯё маълум кардаанд, ки ӯ “чанд навори “Ислоҳ ТВ”-ро дар шабакаҳои иҷтимоӣ писандида, чандеро ба дӯстонаш фиристодааст”. 

Ин бори аввал нест, ки мақомдорони тоҷик сокинони кишварро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо мухолифон ва барои дидан ё гузоштани “лайк”-у ба дигарон фиристодани наворҳои вобаста ба мухолифон боздошту зиндонӣ мекунанд.

Пештар аз ин, Додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 12-уми июн Муҳиба Давронова 42-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфараро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо пойгоҳи “Ислоҳ.нет” барои 18 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи “Ислоҳ.нет” рӯзи 14-уми июн дар суҳбат бо Azda tv гуфта буд, ки “Ҳеч вақт ин зан бо мо дар тамос набуд ва ҳеч маълумоте ҳам ба мо фиристогӣ нест.” Ӯ инчунин дар идома афзуд, ки “ин иттиҳоми навбатии мақомот болои сокинони оддии кишвар аст. Ва мақомдорон барои тарс додани сокинони кишвар чанд маротиба шуда, ки чунин кореро анҷом медиҳанд.”

Моҳи декабри соли гузашта Додгоҳи вилояти Хатлон Мавлуда Боймуродзода, мудири пешини маорифи ноҳияи Панҷ, Зоидов, сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия мазкур ва Абдураҳмон Иззатмандов, хабарнигори телевизиони давлатии “Ҷаҳоннамо”-ро, ки гӯё онҳо аз вазъи маориф дар ноҳияи Панҷ ба шабакаи “Ислоҳ ТВ” шикоят кардаанд, зиндонӣ кард. Инчунин даҳҳо нафари дигар бо ин иттиҳомот дар зиндонҳои кишвар қарор доранд, ки номашон расонаӣ нашудааст. 

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.