-4.1 C
Dushanbe

Яман паҳподи амрикоиро сарнагун кард

Гурӯҳи ҳусиҳои Яман эълон кард, ки рӯзи чаҳоршанбе як ҳавопаймои бесарнишини амрикоии “MQ-9”-ро бо мушаки маҳаллии сохташуда дар вилояти ал-Ҷавф сарнагун карданд.

Ба иттилои ин гурӯҳ, дар давоми даҳ рӯзи ахир ин севумин ҳавопаймои чунин навъ ва ҳаждаҳумин аз оғози амалиёти “Ҷиҳод муқаддас”, ки дар ҳимоят аз мардуми Ғазза анҷом шуд, ба ҳисоб меравад.

Яҳё Сариъ, сухангӯи низомии ҳусиҳо ба расонаҳо гуфт: “Дар ҷавоб ба таҷовузи доимии Амрико ба кишвари мо ва қатли ваҳшиёнаи мардум, дифои ҳавоии мо тавонист як ҳавопаймои амрикоии навъи “MQ-9″-ро, ки дар фазои вилояти ал-Ҷавф дар ҳоли иҷрои амалиёти душманона буд, бо мушаки сохташудаи маҳаллӣ сарнагун кунад.” Вале ин мақомдори ҳусиҳо навъи мушакро зикр накардааст.

Вай афзуда, ки ҳамлаҳои амрикоӣ ба Яман ҳоло ҳам идома дорад. Дар соатҳои гузашта чандин ҳамлаи ҳавоӣ ба минтақаҳои гуногун анҷом дода шуд, ки дар натиҷа чанде аз шаҳрвандон кушта ва захмӣ гашта, хеле аз хонаҳои мардум ба харобазор табдил шуданд.

Ҳамзамон ин гурӯҳ мегӯяд, дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии Амрико 8 ғайринизомӣ дар вилояти Ал-Ҳудайда кушта ва 16 нафар захмӣ шуданд.

Аз 15-уми март то ҳол, ба гуфтаи ҳусиҳо, садҳо ҳамлаи ҳавоии Амрико ба Яман сурат гирифта, ки дар натиҷа 78 нафар кушта ва 196 каси дигар захмӣ шудаанд.

Ҳамлаи низомии Амрико бо фармони Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико оғоз шуд. Ин ҳамлаҳо ба Яман дар пайи амалиёти низомии ҳусиҳо ба Исроил ва киштиҳое, ки ба сӯи ин кишвар дар баҳри Сурх равона буданд, сурат мегирад.

Аммо гурӯҳи ҳусиҳо мегӯянд, ки амалиёти низомии онҳо ба Исроил ва ҳамла ба киштиҳои он дар баҳри Сурх дар пуштибонӣ аз Ғазза анҷом мешавад ва он то замоне ки Исроил ҳамлаҳои худро ба Ғазза поён надиҳад, идома хоҳад ёфт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар масири Душанбе–Чаноқ наздики 30 тарма фаромадааст

Дар натиҷаи бориши барфи зиёд ва фаромадани тармаҳои пай дар пай роҳи Душанбе–Чаноқ муваққатан баста шуд.

Тағйироти кадрӣ ва сохторӣ дар ПМТ

Паймони Миллии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе аз тағйироти кадрӣ ва сохторӣ дар дохили ин эътилоф хабар додааст.

Шиканҷагаронро ба ҷавобгарӣ мекашанд?

Додситонии шаҳри Душанбе пас аз марги мармузи Мақсудҷон Саидов, бар зидди ду корманди милисаи пойтахт парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Пулиси Душанбе аз муноқишаи эҳтимолии ноболиғон пешгирӣ кард

Пулиси шаҳри Душанбе аз сар задани муноқишаи эҳтимолии як гурӯҳ ноболиғон пешгирӣ кардааст.